Дар машварати таъҷилӣ оид ба вазъ дар сарҳад раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор дошт, ки вазъи ноамн дар сарҳад бо Афғонистон ҳушдорест барои зарурати ҳифзи суботи дохилӣ.

“Дар сурати убури имконпазири ғайриқонунии сарҳади давлатӣ мо ба ҳимояи кишвар бархоста, ба ҳамлагарон посух мегӯем”, - иброз доштаст ӯ.

Тавре аз дафтари матбуоти дастгоҳи ҳукумати ВМКБ хабар доданд, рӯзи якшанбе, 20 июн раиси вилоят дар робита ба хуруҷи неруҳои низомии ИМА аз Афғонистон бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварат гузаронидааст.

Зимни машварат зикр шудааст, ки “вазъи ноамн дар Афғонистон моро водор месозад, ки суботи дохилиро таъмин намуда, дар сурати убури имконпазири сарҳади давлатӣ ба ҳимояи сарзамини муқаддас бархоста, тадбирҳои ҷавобӣ диҳем”.

Ба иттилои манбаъ, Ёдгор Файзов тақвияти заминаи моддиву техникӣ ва кадриро дар мавзеъҳои наздисарҳадии ВМКБ тадбири муҳим дар ин самт арзёбӣ намудааст.

Дар ин робита ӯ муайян крадани макони бехавф, захираи сӯзившориву маводи хӯроворӣ, сарулибос ва нақлиётро дар сурати қабули гурезаҳои маҷбурӣ аз қаламрави кишвари ҳамсарҳад муҳим донистааст.

Сурат: хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Ёдгор Файзов ҳамчунин гуфтааст, ба ҳамкорӣ байни сарҳадбонони ду кишвар тақвият мебояд бахшид.

Раис вилоят доир ба тавсеъаи минбаъда ва тақвияти фаъолият дар минтақаи мудофиаи ҳудудӣ ва баргузории машқҳои муштарак изҳори назар намуда, илова кардааст, ки дар робита ба сарҳади тӯлонӣ доштани ВМКБ бо Афғонистон, тақвияти минтақаи мудофиаи ҳудудӣ зарур буда, иштирокчиёни он бояд доимо ҳушёру омода бошанд.

Бино ба маълуомти дастгоҳи раиси ВМКБ, вазъият дар ноҳияҳои Бораку-Зебок ва Моҳи-Майи Афғонистон мушкил боқӣ монда, гурӯҳҳои ифротгаро қисмати зиёди қаламрави минтақаи наздимарзиро тасарруф ва ба зерсохтори ин мавзеъҳо зиёни зиёд мерасонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.