Ато Муҳаммади Нур воли пешини Балх ва яке аз шахсиятҳои сиёсиву ҷиҳодии пурнуфузи Афғонистон бо ҷамъе аз ҳамразмони собиқаш ва неруҳои амниятиву дифоии ин вилоят, вулусволии Калдорро аз дасти неруҳои "Толибон" гирифтааст.

Ториқ Нур, писари Ато Муҳаммади Нур дар саҳфаи расмияш дар фейсбук хабар додааст, ки "якҷо бо неруҳои хезиши мардумӣ, басиҷи миллӣ ва неруҳои дифоиву амниятӣ, таҳти раҳбарии сатрҷенерол Ато Муҳаммади Нур, ба мақсади тасфия ва ақибзании душман ба сӯйи вулусволии Калдор ҳаракат намудем, ки дар натиҷа "Толибон" бо таҳаммули талафот ва шикасти сангин аз тамоми манотиқи вулусволии Калдор ақиб ронда шуданд. 

Ториқ Нур навиштааст, ки "вазъияти вулусволии Калдори вилояти Балх таҳти контрол қарор гирифта ва дигар ҷойи нигаронӣ барои мардуми азизи шаҳраки Ҳайратон боқӣ намондааст".

Вулусволии Калдор яке аз вулусволиҳои муҳим ва стратегӣ барои Балх ва дар маҷмуъ Афғонистон мебошад, ки дар он гузаргоҳи муҳими тиҷоративу гумрукии Ҳайратон миёни Афғонистону Ӯзбекистон аст.

Ин вулусволӣ ҳамчунин бо бархе аз ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон, аз ҷумла Шаҳритус ҳаммарз мебошад.


Рӯзи 27-уми июн Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки "гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволии Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд".

Ин ниҳод хабар дода буд, ки "дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хидматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуданд".

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд. Вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати  “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад, - гуфта буд Неруҳои марзбонии Тоҷикистон.

Неруҳои марзбонии Тоҷикистон

Пас аз эъломи хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар ду моҳи ахир наздик ба 60 вулусволӣ ба дасти "Толибон" суқут кардааст, ки аксари онҳо дар шимоли ин кишвар мебошанд. Неруҳои давлатии Афғонистон мегӯянд, бархе аз вулусволиҳои аз "Толибон" поксозӣ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.