Гуруҳи “Толибон” Чамани Хустдеҳ бузургтарин ва таърихитарин қароргоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд дар вулусвол (ноҳия)-и Фархори вилояти Тахорро ғасб карданд. Ин мавзеъ маконест, ки гуфта мешавад соли 1996 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ раҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик дар он ҷо таҳдоби сулҳи тоҷиконро гузоштанд.

Ин қароргоҳ барои Тоҷикистон ҳам як макони таърихӣ ва боаҳамият дониста мешуд. Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии маҷозияш дар солгарди марги раисҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ дар мавриди арзиши Чамани Хустдеҳ чунин гуфта буд:

“Агар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ заминаи якпорчагии Тоҷикистонро гузошта бошад, самтҳои асосии сулҳи байни тоҷикон дар музокироти Хосдеҳ гузошта шуд”.

Аксари ширкатдорони музокироти сулҳи тоҷикон ва муҳаққиқони ин раванд бар ин нукта таъкид кардаанд, ки пурдастовардтарин даври музокироти сулҳи тоҷикон ин мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ИНОТ дар Хустдеҳ буд, ки зербинои сулҳ дар Тоҷикистонро гузошт.

Ин мулоқот бо замонат ва подармиёнии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд ташкил шуда буд.

Ба дасти “Толибон” афтодани ин пойгоҳи муҳими Аҳмадшоҳ Масъуд вокунишҳои гуногунеро дар расонаҳои Афғонистон ба бор овардааст ва мардуми зиёде дар Афғонистон ёрону ҳамсангарони Масъудро ба хиёнат ва фурӯхтани ормону арзишҳои ӯ муттаҳам мекунанд.

Чамани Хустдеҳро, ки аз муҳимтарин пойгоҳҳои Аҳмадшоҳ Масъуд ҳам дар замони ҷиҳодаш алайҳи Шӯравӣ ва ҳам замони муқовиматаш бар зидди “Толибон” дониста мешавад, ҳеч кадоме аз ин ду неру натавониста буд, ки тасарруф кунад.

Чамани Хустдеҳ аз истироҳатгоҳҳои Муҳаммад Зоҳиршоҳ шоҳи собиқи Афғонистон буд, ки Аҳмадшоҳ Масъуд дар замони ҷанг бо Шӯравӣ онро ба як қароргоҳ ва пойгоҳи муҳим табдил дода буд. 

Ин пойгоҳ дар миёни дараҳо мавқеият дошт ва бисёр як пойгоҳи қавӣ гуфта мешуд. Гуфта мешавад, ки ин ҷо ба ҷуз ин ки як маҳалли идора ва дастурдиҳии ҷанг барои Аҳмадшоҳ Масъуд буд, ба унвони як осорхона ё музеями давраи ҷанг зидди Шӯравиву “Толибон”  низ буд, ки бисёре аз васоил ва ёдгориҳои ҷанг дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешуд.
Чамани Хустдеҳ, қароргоҳи Аҳмадшоҳ Масъуд

Дар ин ҷо ҳамчунин харитаҳои ҷанг, мадракҳои дигари навишториву тасвирӣ (аксу видеоҳо) аз давраи ҷангу муқовимат бо Шӯравиву “Толибон” низ маҳфуз буд.

Ғайр аз ин, бархе аз васоили шахсии Аҳмадшоҳ Масъуд, аз қабили рахти хоб, мизи кор, оина, баъзе либосҳо ва дигар лавозими инфиродияш ҳамчун нигораҳои гаронарзиши Қаҳрамони миллии Афғонистон ҳам дар ин ҷо ҳифз мешуданд.

Ин қароргоҳ мақоми як макони таърихиро дошт, ки шуъбаи фарҳангии Вазорати дифоъи Афғонистон масъулияти нигаҳдории онро ба дӯш дошт ва масъулеро ҳам ин вазорат барои нигоҳубини он маош медод.

“Толибон” шаби гузашта (29.06.2021) ин маконро тасхир карданд ва дар таърихи муборизаҳои ин гуруҳ ин як ҳодисаи бисёр бепешина гуфта мешавад.

Ин ҳодиса дар расонаҳои Афғонистон ҳам бисёр пӯшишу ва баҳсу баррасии густарда шуд. Интиқодҳои сахте ҳам аз ёрону ҳамсангарҳову ҳамразмони Масъуд мекунанд, ки чӣ гуна дар баробари суқути як макони муҳим хомӯшанд.

“Толибон” баъди ғасби ин қароргоҳ як аксеро аз яке аз маҷлисгоҳҳои ин пойгоҳ нашр кардаанд, ки гуфта мешавад ин толор ҷойи маҷлисҳои Аҳмадшоҳ Масъуд будааст ва ӯ дар ин ҷо нақшаҳо ва тарҳҳои муборизотияш алайҳи “Толибон”-ро тарҳрезӣ ва баррасӣ мекардааст.

Дар расонаҳои Афғонистон ин акс сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки “утоқи фикр ва утоқи истротежии ҷанги Масъуд” ба дасти “Толибон” афтодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.