Додситонии ноҳияи Кугарчини Бошқирдистони Русия рӯзи 6-уми июл, чораи ҳабси пешакии Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворухи Исфараро баъди беш аз панҷ моҳи боздошт тағйир дода, аз боздошт озод кардааст. Дар ин бора Фарид Абдуфаттоев бародари Фурқат Абдуфаттоев ба “Азия-Плюс” хабар дод ва гуфт ӯ ба шарти берун нарафтан аз макони зист озод шудааст. 

Ҳамчунин Додситонии кулли Тоҷикистон, имрӯз, 8-уми июли 2021 бо нашри як хабарнома дар торнамояи ин ниҳод гуфтааст, ки "бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархости асоснок ирсол намуда, аз ҳабс озод намудани Абдуфаттоев Ф.А.- ро хоҳиш намуд".

Фурқат Абдуфаттоев, сокини 45-солаи ҷамоати Ворухи Исфара 1-уми феврали соли 2021 бо дархости мақомоти интизомии Қирғизистон дар Русия боздошт шуд ва давоми ин моҳҳо дар ҳабси пешкаӣ қарор дошт. Қирғизистон аз мақомоти Русия хоста буд ин шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар истирдод кунанд.

Ба гуфтаи Фарид Абдуфаттоев, бародари Фурқат Абдуфаттоев ӯ бегоҳии 6-уми июл ба шарти то санаи 2-уми август аз ҳудуди Бошқирдистони Русия берун нарафтан аз боздошт озод шудааст. Ӯ гуфт, ҳоло Фурқат Абдуфаттоев дар хона дар иҳотаи оилаву пайвандон аст. 

Вай мегӯяд, ҷараёни суд ба пуррагӣ ниҳоӣ нашудааст ва бояд то санаи 2-уми август бозбинии парванда анҷом ёбад. Ҳукми ниҳоии додгоҳ дар ин рӯз маълум мегардад ва ба гуфтаи Фарид Абдуфаттоев бояд бегуноҳии бародараш исбот гардад. 

Ба гуфтаи Фарид Абдуфаттоев, аз оғози боздошт то ба имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар озод шудани бародараш талошҳо карда истодаанд. Вай гуфт Вазорати корҳои хориҷа, Додситони кулл ва додситони ҳарбии Тоҷикистон қаблан бо ирсоли нома аз Русия хоста буданд, ки Фурқат Абдуфаттоев бегуноҳ аст ва бояд озод кунанд.

Мақомоти интизомии Қирғизистон соли 2019 ҳукми боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро содир ва нисбаташ бар асоси моддаи "иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ"  айб эълон карда ӯро ба кофтукови байналмиллалӣ қарор дод. Санаи 1-уми феврали имсол Фурқат Абдуфаттоев бо дархости Қирғизистон дар Русия боздошт ва ба ҳабси муваққатӣ гирифта шуд.

Аз оғози боздошт то ба имрӯз Қирғизистон ду бор даъвояш бар сари боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистонро иваз кард. Қаблан ҷониби Қирғизистон, Абдуфаттоевро дар муноқишаи марзии 13-уми марти соли 2019 айбдор кард ва гуфт тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст. Аммо худи Фурқат Абдуфаттоев ва пайвандонаш ин иттиҳомро рад карданд ва гуфтанд ӯ  дар ин вақт дар Новосибирск буда, 29 марти соли 2019 ба Тоҷикистон баргаштааст. Пайвандонаш гуфта буданд муҳрҳои хадамоти сарҳадбонии Русия ва Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ҳамчунин дар рӯзи аз ҷониби Қирғизистон зикршудаи 13-уми март Фурқат Абдуфаттоев маблағи патентро пардохтааст.

Аммо оғози моҳи марти имсол Раёсати умури дохилии Бодканди Қирғизистон даъвои ин кишварро дигар кард ва бо ирсоли  номае ба мақомоти тафтишотии Бошқирдистон иддао кардааст, ки Абдуфаттоев моҳи июли соли 2019 роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон)-ро баста, "ба бетартибӣ роҳ дод".

Аммо худи Фурқат Абдуфаттоев ва пайвандонаш ҳардуи ин иттиҳомро намепазирад ва мегӯянд ӯ дар ягон бетартибиҳои сарҳадӣ иштирок накардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтааст Фурқат Абдуфаттоев дар бетартибиҳои марзӣ иштирок накардааст ва асноди лозимро барои исботи бегуноҳии ӯ ба Русия фиристодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.