Шуморе аз қирғизҳои бумии Афғонистон аз Помири Хурд ё вулусволии Вахони вилояти Бадахшони ин кишвар аз тарси ҳамлаи гуруҳи "Толибон" ба Тоҷикистон паноҳанда шудаанд. Дар ин бораи Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот хабар додааст.

Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонӣ гуфтааст, ки шумори ин теъдоди ин фирориён 77 нафар мебошад ва онҳо дар ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон ҷо ба ҷо шудаанд. 

"13 июли соли 2021, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ 77 нафар, аз ҷумла 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол шаҳрвандони мулкии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки асосан  сокинони қирғизтабори деҳаи Андемини вулусволии Вахони вилояти Бадахшони кишвари мазкур мебошанд, аз тарси таъқиби Толибон ва барои ҳифзи ҷони худ хати сарҳади давлатиро дар минтақаи ҷамоати деҳоти Кизил-Работи ноҳияи Мурғоб убур  намуда, вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд",-омадааст дар хабарномаи Неруҳои марзбонӣ.

Ба гуфти ин ниҳод, дар ҳоли ҳозир "гурезагони афғон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамаоати деҳоти Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд. Онҳо чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 сар чорвои майдаи шохдор, 300 сар қутос, 3 сар шутур ва 30 сар аспро бо худ овардаанд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ вазъро дар ин минтақаи Тоҷикистону Афғонистон "таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик" унвон кардааст.

Нашри ин хабар дар ҳолест, ки пештар шуморе аз гурезаҳои ин вилоят аз ноҳияҳои марзӣ бо вилояти ҳамноми Тоҷикистон ба ВМКБ паноҳ оварда буданд, ки теъдоди онҳоро ҳукумат бештар аз 400 нафар гуфта буд. 

Ҳамчунин бештар аз 1000 низомии вилояти Бадахшони Афғонистон низ аз ҳамлаи Толибон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, ки барои онҳо дар мавзеи Момираки ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон шаҳраки хаймаҳо эҷод карда буданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.