Пайвандони Саидмурод Ишанов, як сокини 47-солаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара мегӯянд, додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон ӯро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ айбдор кард. Ҳукми додгоҳ оғози моҳи июл содир шуда ба гуфтаи пайвандонаш барои озодии ӯ 55 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё як сол паси панҷараро раво диданд.
Ин сокини шаҳри Исфара рӯзи 1-уми май дар марзи деҳаи Боғистони ҷамоати Чилгазӣ бо деҳаи Равоти вилояти Бодканд боздошт шуда буд. Он вақт пайвандонаш иддао доштанд ӯро шаҳрвандони мулкии қирғиз ғайриқонунӣ боздошт ва ба мақомоти пулиси Бодканд супурдаанд.
Аммо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода рӯзи 19-уми июл дар нишасти хабариаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст “мо гуфтушунид дорем ва ин шаҳрвандро озод мекунем. Вай ғайриқонунӣ сарҳадро убур кардааст"
Қобилҷон Азимов бародари Саидмурод Ишанов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, додгоҳи вилояти Бодканд бародарашро дар убури ғайриқонунии марзи давлатӣ айбдор кард. Ӯ гуфт ҳукми додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон рӯзи 6-уми июл содир шуд. Додгоҳ барои озодии ин сокини Исфара 55 ҳазор сомонӣ ё 350 ҳазор соми қирғизӣ муодили тахмин 4,5 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима таъин кардаст ё бар ивази як сол маҳруми аз озодиро раво дидааст.
Аммо пайвандонаш гуфтанд пардохти чунин ҷарима барои ин оилаи камбизоат хело душвор буд, натавонистанд ва баъди ҳукми додгоҳ низ ба ҳеҷ куҷое муроҷиат накардаанд. Қобилҷон Азимов мегӯянд, то марҳилаи додгоҳӣ коре аз дасташон наомад.
“Бо бародарам чанд рӯз пештар суҳбат кардам ӯ, ки қариб се моҳ пеш боздошт шуда буд гуфт дар ин муддат 6 моҳи ҳабсро паси сар кардааст чунки як рӯзи боздошташ ду рӯз ҳисоб мешудааст. Аз Қирғизистон адвокат гирифтем, ӯ низ мегӯяд, моҳи август бародарамро ба амнистия ворид мекунад ва эҳтимол охири моҳи август ва ё сентябр озод шавад ва ба Тоҷикистон баргардад”.
Боздошти ин сокини Исфара баъди даргириҳои хунини 28-29-апрел ва дар он шабу рӯзи назорати қатъии марзи давлатӣ сурат гирифт. Қаблан пайвандони Саидмурод Ишанов иддао доштанд, ки ӯро санаи 1-уми май дар марзи маҳаллаи Дӯстии Чилгазӣ бо деҳаи Равоти вилояти Бодканд ғайрқонунӣ боздошт карданд. Марзи ин ду деҳаро танҳо як ҷӯйи бетонӣ аз ҳам ҷудо мекардааст.
Баъди ин боздошт пайвандони Саидмурод Ишанов ба ниҳодҳои интизомӣ ва мақомоти шаҳри Исфара нома навиштанд, то ҳарчи зудтар дар озод шудани ӯ кӯмак кунанд.
Қаблан Нуриддин Каримов, раиси ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд аз боздошти ин сокини ҷамоат ӯ ва мақомоти дигари қудратӣ огаҳанд ва роҳи озод кардани ӯро ҷуста истодаанд. Ӯ низ гуфта буд Саидмурод Ишанов марзи давлатиро убур карда ҳангоми ба назди як шиноси қирғизаш рафтан дар деҳаи Равоти вилояти Бодканд аз ҷониби мақомоти полиси Қирғизистон боздошт шудааст.
Аз Саидмурод Ишанов як устои маҳаллӣ ном мебаранд, ки хонаву дар надорад ва бо чаҳор фарзанду ҳамсар дар манзили бародараш, дар кӯчаи Шаҳраки деҳаи Чилгазӣ зиндагӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста