Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ки масъалаи баргашти марзбонони Русия барои ҳимояи марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон матраҳ нест ва ин мавзуъ шомили дастури кори ҳамкорҳои низомии ду кишвар намебошад.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки дар пасманзари бад шудани авзои амниятӣ дар Афғонистон ва ба дасти гуруҳи “Толибон” афтодани бештари манотиқии марзии Афғонистон бо Тоҷикистон, мо бо Русия дар доираи созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла СПАД ҳамкориҳо дорем ва идома медиҳем.

“Ҳоло мушовирони низомии Русия дар бахши марзбонӣ дар Тоҷикистон ҳузур доранд ва кор мекунанд, аммо мавзуъи баргашти марзбонони он кишвар ба марзҳои мо матраҳ нест. Ҳарчанд ҳамкориҳои низомии мо бо Русия яке аз бахшҳои асосии равобити моро бо ин кишвар ташкил медиҳад”,-гуфт Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

То соли 2005 марзи наздик ба 1400 км Тоҷикистон бо Афғонистонро марзбонони Русия муҳофизат мекарданд.

Дар ин авохир дар матбуоти Русия ва дар доираҳои коршиносии ин кишвар, пас аз баъд шудани авзои амниятӣ  даъватҳое садо медиҳанд, ки Русия бояд марзбонҳояшро ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.