Аз 4 то 9 августи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои таъину аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ин бора, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабарнома иттилоъ дод.

Манбаъ, менависад, ки пас аз анҷоми мулоқот Протоколи дахлдор  имзо гардид. Дар бораи ҷузъияти протокол ВКХ хабар намедиҳад.

- Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон доир кунанд,-менависад ВКХ.

Ба навиштаи манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шудааст.

Тоҷикистон ҷузъиёти ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистонро тибқи як созишнома, барои расонаҳо шарҳ намедиҳад.

Аммо баъзе аъзои комисия ва намояндагони кишвари ҳамсоя борҳо ҷузъиёти ин нишастҳоро барои расонаҳояшон ифшо кардаанд. Охирин бор дар мавриди ҷузъиёти  кори ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ узви комиссияи ҳукуматии таъину аломатгузории марз аз ҷониби Қирғизистон Абдулат Мирзоев дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар дода буд.

Хабаргузориҳои қирғизӣ аз қавли ӯ навишта буданд, ки дар се ҷаласаи охирини гурӯҳи корӣ 40 километр марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон муайян карда шудааст.

Ӯ гуфта буд, ки ҷаласаи навбатӣ моҳи август пешбинӣ шудааст ва эҳтимол  ҷаласаи охире, ки дар Душанбе баргузор шуд, дар назар дошт.

Қаблан Қирғизистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд, ки хати лоиҳаи сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистонро аз нуқтаи сарҳади №43 то нуқтаи сарҳади №61 ва аз нуқтаи сарҳади №135 то нуқтаи сарҳадии №141 муайян кунанд.

Чанде пеш, дар як нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфта буд, ки Қирғизистону Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои баҳсбарангез ба хулосаи воҳиде наомадаанд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр буда, 519 километри он мушаххас шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.