Машқҳои низомии Тоҷикистону Русия ва Ӯзбекистон дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”-и вилояти Хатлон, наздикии марз бо Афғонистон, ки аз 1 август оғоз шуда буд, имрӯз, 10 август ба поён мерасад.

Дар марҳилаи хотимавии машқҳо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини аввали вазири мудофиа - сардори Ситоди куллии Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон Шуҳрат Холмуҳамедов ва фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ҳузур хоҳанд дошт, хабар дод ба "Азия-Плюс" сардори маркази матуоти Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадализода.

Ба ин машқҳои 10-рӯза беш аз 2,5 ҳазор сарбозону афсарони артишҳои се давлат, 500 воҳиди техникаи ҳарбӣ ва тӯпҳо (артиллерия), 25 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ҷараёни тамринҳо низомиён омодагиро ба гузаронидани амалиёти ҷангӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки нирӯҳо барои шикаст додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки ба Тоҷикистон ворид шудаанд, мавриди санҷишу амал ва таҷриба қарор доданд.

Имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи се давлат маҳв кардани гурӯҳҳои тундгарои террористиро ҳангоми убури сарҳади давлатӣ машқ мекунанд.

Дар вақти берун аз машқҳо низомиён ин гуна вақти худро мегузаронанд. Навори видеоии Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар ин бора.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.