Дар вилояти Ботканд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шахси номаълум як тир холӣ карда, он ба тирезаи беморхонаи деҳаи Интернатсионали ноҳияи Лайлаки Қирғизистон бархӯрд, хабар медиҳад For.kg бо истинод ба шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, овози як тир аз ҷониби Тоҷикистон тақрибан соати 15:10 дақиқаи 11 август садо додааст.

«Дар ҷои ҳодиса тири қутраш 5,45 мм аз автомати АК-74 дарёфт. Ҳеҷ кас осеб надидааст ”, - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуот.

Сурат: хадамоти матбуоти КДАМ Қирғизистон

Дарҳол пас аз ин ҳодиса намояндагони марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом дода, дар рафти он ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки силоҳи ҳайати шахсиеро, ки дар марз бо деҳаи Интернатсионал ҳузур доранд, мавриди санҷиш қарор медиҳад.

"Соати 17:00 вохӯрии намояндагони сарҳад баргузор шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон гуфт, пас аз санҷиши муҳимоти ҷангӣ маълум шуд, ки марзбонони Тоҷикистон аз силоҳ истифода накардаанд. Ҳамзамон намояндаи марзбонии Тоҷикистон зикр кардааст, ки шояд тасодуфан тир парронида шуда бошад. Иштирокчиёни вохӯрӣ тасмим гирифтаанд, ки ҳар кадоме аз ҷонибҳо таҳқиқоти худро оид ба ин ҳодиса мегузаронанд",- хабар медиҳад КДАМ Қирғизистон.

Гуфта мешавад, КДАМ Қирғизистон вазъиятро дар ин қисмати сарҳади байни давлатии Қирғизистону Тоҷикистон дар маҷмӯъ амну босубот арзёбӣ кардааст.

Ҷониби Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳоло расман шарҳ надодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.