Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барқарор шуда, лекин хатари зиёди тармафароӣ ва сангреза боқӣ мемонад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти Кумита, аз ҷумла дар қитъаи аз 2 то 27-ум километри роҳи Рашт-Сангвор, ки тариқи қаламрави мавзеи Лаби-Ҷар мегузарад, бар асари боришоти зиёд тармаҳо фаромадаанд.

Барои тозакунии роҳ 5 техникаи хадамоти нигаҳбонии роҳи Вазорати нақлиёт ҷалб шуда, айни замон роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.

Бар асари фаромадани тармафароиҳо талафоти ҷонӣ ва осеби иншоот ба қайд гирифта нашудааст.

Дар КҲФ зикр мекунанд, ки дар қитъаҳои бештар осебпазири роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини бехатарии аҳолӣ аз ҳисоби имдодгарони КҲФ ва кормандони БДА постгоҳҳои навбатдорӣ амал мекунанд.

КҲФ ба такрор ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бар асари барфборӣ, тармафароӣ, барфпӯш ва ҳолатҳои яхбандӣ шудани роҳ, дар ноҳияҳои ВМКБ, кӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин қитъаҳои роҳҳои мошингарди  Душанбе - Чанок, Душанбе - Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, , Кӯлоб - Дарвоз,  Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.

Кумита  бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва бахусус ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар бо эҳтиром хоҳиш мекунад бе зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.

Аз аҳолии минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мешавад муддате то бартараф шудани хафву хатари лағзиши тарма аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар сурати рух додани ҳодисаҳои нохуш, шаҳрвандон ба телефонҳои 112 ё 93 880 28 19 муроҷиат карда метавонанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.