Парлумони Тоҷикистон охири моҳи декабр се созишномаи ҳамкориро байни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасдиқ кард.

Матни созишномаҳое, ки моҳи июни соли 2021 зимни сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расиданд, дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст. Дар қарордодҳо дар бораи чӣ сухан меравад?

Табодули маълумот дар бораи терроистон ва ифротгароён

Вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвар, аз ҷумла дар соҳаи разведка (иктишоф)-и ҳарбӣ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расониданд.

Дар санад мубодилаи мутақобилаи иттилооти иктишофӣ оид ба гуруҳҳои террористӣ ва динӣ-ифротгароӣ, аз ҷумла маълумот доир ба сохторҳо, маълумоти дақиқ дар бораи роҳбарон, аъзо ва шарикон, силоҳ, маҳалҳои ҷойгиршавӣ, сарпарастон, марказҳои тайёрнамоии онҳо пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба тавофуқ расиданд, ки дар мавриди афзоиши кӯшишҳо, шакл ва усулҳои гузаронидани амалҳои идеологӣ, равонӣ ва дигар амалҳои ташкилотҳои  террористӣ ва экстремистии динӣ, ки бар зидди соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлатҳо ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ равона гардидаанд, ҳамдигарро огоҳ мекунанд.

Дар ҳуҷҷат баргузории чорабиниҳои муштараки омодагии ҳарбӣ барои хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои иктишофи ҳарбӣ ва иктишофи махсус зикр шудааст.

Дифои зиддиҳавоӣ

Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахши дифои зиддиҳавоӣ низ созишнома ба имзо расониданд, ки самтҳои асосии ҳамкории мутақобила дар он инҳоянд:

- мубодилаи иттилоот оид ба вазъияти фазои ҳавоӣ;

- расонидани ёрӣ ба ҳавопаймоҳое, ки ба фалокат дучор шудаанд;

- мубодилаи таҷриба дар доираи сохтмони ҳарбӣ дар соҳаи авиатсия ва мудофиаи зиддиҳавоӣ;

- тайёрии муштараки қӯшунҳо ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ;

- тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи авиатсия ва мудофиаи зиддиҳавоӣ.

Ҳолатҳои рафънопазир

Ғайр аз ин, ҳукуматҳои ҳар ду кишвар доир ба истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор) низ созишнома ба тавсиб расониданд.

Мувофиқи ин санад, дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои рафънопазир (ғайриинтизор) ва фалокатҳо, ҳайати сарнишинон ба дархости убури кӯтоҳмуддати фазои ҳавоии кишвари қабулкунанда ва дар сурати зарурат ба нишастан дар аэродром ҳуқуқ дорад.

Созишнома ба муҳлати панҷ сол баста шуда, баъди ба охир расидани ин муҳлат, ба таври автоматӣ ба давраи солҳои минбаъда дароз мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.