Аз 25 то 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади ду давлат баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як хабари кутоҳ аз рафти баргузории ҷаласа гуфтааст, ки он тибқи Нақша-чорабинӣ барои соли 2022 баргузор гардид.

Ин ниҳод мисли ҳамеша дар бораи мушаххасоти ин ҷаласаи иттилоъ нашр накрадааст ва танҳо гуфтааст, ки он дар фазои дӯстона ва рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, интизор меравад ҷаласаи навбатӣ Тоҷикистон баргузор гардад. Аз ҷумла, гуфта нашуд, ки оё дар ҷараёни мулоқоти мазкур кадом пешравие дар нуқтаҳои баҳсии марзӣ ба даст омадааст ё на.

Моҳи феврали имсол нахуст Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин дар Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гуруҳи топографӣ ва баъдан Девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, ки дар натиҷаи ҷаласаҳои гуруҳи топографии ду кишвар, ки аз 1-уми майи соли гузашта ҷараён доранд, 81 километр марз муайян шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон – ду ҳамсояи наздик 970 км марзи муштарак доранд ва то ҳол беш аз нисфи ин марз то охир муайян ва аломатгузорӣ нашудааст, даҳҳо километр хати марз дар мақоми баҳсӣ қарор доранд ва ин чиз боиси ҳар сари чанд вақт сар задани низову задухӯрдҳо мешавад. Пурхушунаттарин низоъ 28-уми апрели соли 2021 сар зад, ки се рӯз идома кард ва дар натиҷа, даҳҳо нафарро аз ҳарду тарафи марз куштаву маҷрӯҳ барҷой гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.