Як дастаи низомиёни Тоҷикистон чанде пеш ҷиҳати иштирок дар Озмуни байнулмилалии “Десанти баҳрӣ-2022” ба шаҳри Калинингради Русия рафтанд.
Тавре ки дафтари матбуоти Ҳавзаи ғарбии ҳарбӣ хабар медиҳад, озмун дар доираи Бозиҳои байнулмилалии ҳарбӣ дар машқгоҳи “Хмелевка”-и Флоти Балтика аз 13 то 27 август баргузор мешавад.
Дастаҳои низомиён аз Венесуэла, Осетияи Ҷанубӣ, Эрон ва Гвинея низ чанде пеш ба ин ҷо омада буданд.

Гуфта мешавад, ҳайати дастаҳо пас аз гирифтани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ бо қитъаҳои роҳе, ки тай мекунанд, масофаи он ва ҳадафҳое, ки бояд онҳоро нобуд кунанд, аз наздик шинос мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, тибқи қоидаҳои озмуни байнулмилалӣ, иштирокчиён бояд зиёда аз 50 монеаҳоро дар чор марҳила тай кунанд. Масофаи умумии роҳ бо монеъаҳо ҳудуди 7 километрро ташкил медиҳад.
Зикр мегардад, ки ҳамчунин бо десантчиёни баҳрӣ ҳам ба таври инфиродӣ ва ҳам дар ҳайати даста машғулиятҳои гуногун гузаронида мешаванд.
Арзиши сабикаҳои тилло дар Тоҷикистон 20% боло рафт
“Баъзе ҳуқуқҳои инсон поймол мешаванд”. Сокинони пойтахт оид ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон чӣ назар доранд?
Як сокини Конибодом модарашро бо зарби 136 корд куштааст
Мусодираи боз қариб 500 ҳазор “хлопушка” дар Душанбе
Бег Сабур барои огоҳӣ аз вазъи алоқаву интернет ва беҳбуд бахшидани сифати он ба Хатлон рафтааст
Қазоқистон дар боркашонӣ тариқи роҳи оҳан ба Тоҷикистон тахфиф пешниҳод мекунад
26 шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи Қазоқистон аз сардӣ наҷот доданд
Марги 3 узви 1 хонавода аз дуди ангишт дар Душанбе
Ду рӯзи наздик ҳавои сард ва борону барф дар назар аст
“Маҷбур мешавӣ”. Айб дар порадеҳ аст ё порагир?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста