Дар доираи вохӯрии ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд котибони шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия Нурулло Маҳмудзода ва Николай Патрушев дидору гуфтушунид карданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти дастгоҳи Шӯрои амнияти Русия хабар медиҳад, ҷонибҳо ҷараёни рушди муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон, инчунин сатҳи баланди ҳамкориҳоро дар ниҳодҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ таъкид доштанд.

Ба иттилои манбаъ, Патрушев ва Маҳмудзода масоили ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ба вазъият дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷонибҳо аз амиқ шудани буҳрони иқтисодиву башардӯстона ва фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин самт Патрушев ва Маҳмудзода ҳамкории кишварҳоро дар мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти ҳарбӣ таъкид карданд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Тошканд вохӯрии 17-уми ҳамасолаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад.

Дар вохӯрӣ баррасии масоили марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои муқовимат ба терроризму ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, инчунин таъмини амнияти байнулмилалии иттилоотӣ дар назар аст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.