“Имрӯз мо на он қадр бо Украина, балки бо Ғарби дастҷамъӣ дар ҷанг ҳастем”, - изҳор дошт имрӯз вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз тамоми гуруҳҳои моҳвораии НАТО алайҳи Русия кор мекунанд. “Зиёда аз 70 моҳвораи ҳарбӣ ва 200 моҳвораи барои шаҳрвандон пешбинишуда танҳо барои муайян кардани макони ҷойгиршавии воҳидҳои мо кор мекунанд”, - иброз дошт Шойгу.

Вазири мудофиаи Русия илова намуд, ки дар Киев амалан фармондеҳии кишварҳои Ғарб фаъолият дорад, ки ба амалиёт роҳбарӣ мекунад.

“Украина аллакай нисфи артишашро аз даст дод: 61 ҳазору 207 нафар ҳалокшуда ва 49 ҳазору 368 нафар маҷруҳ. Талафоти мо дар ҷараёни амалиёти махсус 15 ҳазору 937 нафар аст”, - хабар дод ӯ.

Дар мавриди қисман сафарбарсозии ҳайати захираҳои ҳарбӣ Шойгу зикр намуд, ки танҳо шахсоне даъват хоҳанд шуд, ки хизмати ҳарбиро адо кардаву таҷрибаи ҷангӣ доранд.

Зикр шуд, ки дар доираи ин маърака ҳудуди 300 ҳазор нафар ҳайати захираҳои ҳарбӣ даъват мешаванд.

Дар бораи сафарбарсозии донишҷӯён сухан намеравад. “Ҳама оромона ба таҳсил машғул хоҳанд шуд”, - изҳор дошт Шойгу.

"Касоне, ки тибқи даъват дар хидмати ҳарбии ҳатмӣ қарор доранд, ба минтақаи амалиёти махсуси ҳарбӣ сафарбар намешаванд", - ваъдад дод вазири мудофиаи Русия.

Қаблан президенти Русия Владимир Путин қисман сафарбаркуниии ҳайати захираҳои ҳарбиро, ки аз 21 сентябр оғоз мегардад, "як қадами зарурии фаврӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, амният ва тамомияти арзии кишвар" номид.

“Мақсади кишварҳои Ғарб заъифу аз ҳам ҷудо кардан ва аз байн бурдани мамлакати мост. Онҳо ошкоро мегӯянд, ки дар соли 1991 тавонистанд Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) аз ҳам пош диҳанд ва ҳоло вақти он расидааст, ки Русия ба бисёр минтақаҳои ҷангзада тақсим шавад. Мардуми Украина ба гӯшти хом табдил дода шудааст. Ҳамлаи бузургмиқёси навбатӣ ба Донбасс, ки қаблан ду бор рух дода буд ва сипас ҳамла ба Қрим ногузир буд. Аз ин рӯ, барои амалиёти пешгирикунанда тасмим гирифтан лозим омад”, - изҳор дошт Путин.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.