Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-27 май болоравии сатҳи об дар дарёҳо бар асари боришот дар назар буда, дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳодисаҳои фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз қисамти шарқи ВМКБ, эҳтимоли омадани селу ярч ва фаромадани сангреза қариб дар саросари кишвар зиёд аст.

Боришоти пуршиддат дар мавзеи доманакӯҳ ва кӯҳистон метавонад ба шусташавии хок ва лағзиши он боис гардида, барои нигоҳубину чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ мушкил пеш орад.

“Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт ба мавзеи кӯҳистон, чаронидани чорво, ҷамъоварии занбурӯғу дигар растаниҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоред. Дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо қраор доштан ва моҳидорӣ тавсия дода намешавад”, - омадааст дар хабари КҲФ.

Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24 май аз зарбаи раъду барқ сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ноҳияи Ховалинг дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.  Ҷавон ҳангоми чаронидани чорво дар кӯҳ ҳалок шуд.

Ҳамин рӯз бар асари боришоти шадид ва жола дар деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ноҳияи Ёвон сел омада, бар асари он қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, роҳи мошингард ва заминҳои кишт зери об монданд.

Дар деҳаҳои ноҳияи Рашт низ сел омада, он 5-8 ва 9 километр роҳи мошингарди Нуробод-Сангворро баст. Обхезӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои кишти сокинони маҳаллӣ низ осеб расонид.

Дар ноҳияи Файзобод, шоми 24 май дар деҳаи Чилчашма бар асари бориши борон ва жола ярч фаромад. Дар натиҷа зиёда аз 30 cap чорвои калон талаф ёфт.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ё нохуш ба телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:  93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг занед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.