Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, то имрӯз тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд, ба ҷанги Украина фиристода шуданд.
Ӯ, ки имрӯз, 11-уми август, дар назди рӯзноманигорон суҳбат мекард, омори мушаххас дар ин бора пешниҳод накард ва танҳо баъди пойфишории рӯзноманигорон дар бораи ироаи теъдоди тоҷикони аз зиндони Русия ба ҷанги Украина фиристодашуда, гуфт, “тақрибан 100 нафар ҳастанд”.
Вазир афзуд, ҳамтоёни русаш чунин оморро ба онҳо пешниҳод намекунанд ва дар созишномае, ки онҳо ба имзо расонидаанд, табодули чунин маълумот дарҷ нашудааст.
Ин бори аввал аст, ки як мақомдори баландпояи Тоҷикистон дар бораи тоҷикони аз зиндони Русия ба ҷанги Украина фиристодашуда иттилои тахминӣ пешниҳод мекунанд.
Қаблан, ҳеҷ ниҳоде дар ин бора омори мушаххас пешниҳод намекард. Аз ҷумла, аввали ҳафтаи равон Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ки чунин орморро надорад.
То ҳол расонаҳо номи қариб 20 шаҳрванди Тоҷикистонро ошкор кардаанд, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина рафта ва кушта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ва зиндониён ба артиш шурӯъ намуд. Аз ҷумла, ба Ширкати ҳарбии хусусии “Вагнер” иҷоза дод, ки аз дилхоҳ зиндони Русия маҳбусонро бо ваъдаи авф ва маблағти зиёд ба ҷанг ҷалб кунад.
Дар пайи ин, хабарҳо оид ба ҷалби иҷбории баъзе маҳбусон ба ҷанги Украина низ нашр гардиданд. Мақомоти расмии Русия ин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.
“Куҷое бошам, бо тоҷикон бошам!” Корномаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар меъмори давлатдории тоҷикон
“Ташнаи коргар”. Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста