Имсол дар Тоҷикистон аз минтақаҳои хавфнок барои зиндагӣ кӯчонидани 175 хонавода ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар дода шуд. Соли равон бар асари офатҳои табиӣ зиёда аз 6500 нафар муваққатан кӯчонида шуданд.

Ба иттилои Кумита, имрӯз дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок (соли 2021 - 1471 чунин минтақа буд) барои ҳаёт ба қайд гирифта шуда, аҳолӣ аз ин ҷойҳо тадриҷан кӯчонида мешавад.

Зикр шуд, ки соли гузашта 225 хонавода аз чунин минтақаҳо ба ҷойҳои дигари амн кӯчонида шудаанд.

“Камшавии минтақаҳои хавфнок ба туфайли давра ба давра кӯчонидани сокинон, баргузор намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконпазир шуд, - гуфтанд дар ин ниҳод. -

Аз ҷумла, дар минтақаи Кӯлоб, ки хеле осебпазир дониста шуда, ҳукумат барои беҳбуди зерсохтор ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода аз захираҳои давлатӣ маблағу воситаҳо ҷудо мекунад, натиҷаҳои кор аллакай аён аст: дар ин ҷо аз 15 апрел то охири моҳи май 256 ҳодисаи хатарноки табиӣ ба қайд гирифта шуда, лекин ба туфайли тадбирҳои андешида пешгирии бузургтар шудани миқёси онҳо муяссар гардида, зиёни расида ва теъдоди ҷабрдидагон кам шуд”.

Дар Кумита зикр карданд, ки барои сарвиақт андешидани тадбирҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар чораҳо оид ба омода намудани зерсохтор ба офатҳо, ҳукумат ба сурати умум 19 млн сомонӣ ҷудо кард.

Қаблан Кумита хабар дода буд, ки дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 15 нафар ҳалок шуданд. Ҳаҷми умумии зарар аз ин ҳодисаҳо дар ин давра 130 млн 663 ҳазору 500 сомонӣ арзёбӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.