Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз гармои шадид ва гарду ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор дод. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз 15 то 17-уми май дар водиҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд дамои ҳаво аз 34+39º то 37+42º гарм мешавад.
Манбаъ гуфтааст, ки дар моҳи май ин гуна болоравии дамо ғайримуқаррарӣ аст ва пеш иттифоқ наафтода буд.
Илова бар ин, КҲФ гуфтааст, “рӯзҳои 17 –19-уми май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон бо сабаби воридшавии тӯфони гарду ғубор аз манотиқи ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб сатҳи олудагии ҳаво баланд мешавад”.
Дар робита ба ин, мақомот аз шаҳрвандон хостаанд, ки дар ин рӯзҳо сайругашти рӯзонаро камтар кунанд, “бахусус аз соати 11:00 то 16:00 бе зарурат аз хона ё коргоҳ берун нашаванд”.
КҲФ ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо бештар об ва афшурдаи меваҳоро нӯшида, нафарони гирифтори бемориҳои дилу раг, фишорбаландӣ ва қанд бо худ дору бигиранд.
Инчунин, ба волидайн тався шудааст, ки ба кӯдакон аҳаммияти бештар дода, онҳоро беназорат нагузоранд.
“Нӯшидани оби зиёду афшурдаи меваҳо тавсия дода мешавад. Одамони гирифтори бемориҳои дилу раг ва фишорбаландӣ, диабети қанд миқдори доруи кофиро дар ихтиёр дошта бошанд. Волидайн бояд ба кӯдакон аҳамияти бештар диҳанд. Онҳоро ҳаргиз беназорат нагузоранд”, - омадааст дар хабари Кумита.
Баҳори гармтар
Манзура Ҷумъахонова, Сардори шуъбаи пешгӯии ҳаво Агентии обуҳавошиносӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, моҳои март ва апрели соли ҷорӣ дарвоқеъ ҳам гармтар омаданд. Ҳарорати миёна дар ин моҳҳо аз меъёрҳои чандинсолаи иқлимӣ 2-4 дараҷа зиёдтар аст. Тибқи пешгӯиҳо, ҳавои гарм дар моҳи май низ боқӣ мемонад.
“Имсол ҳарорат дар моҳҳои март ва апрел дарвоқеъ ҳам аз меъёри маъмулӣ баландтар буд. Дар моҳи майи низ ин тамоюл идома меёбад”, - зикр кард Ҷумъахонова.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати тибқи меъёр 7-10 дараҷа гарм будан, моҳи март ҳарорати миёна дар водиҳо 10-13 драҷаро ташкил дод. Сарфи назар аз сардиҳо ва боришоти кӯтоҳмуддат, нишондиҳандаи миёнаи моҳона 1-3 дараҷа зиёдтар аз меъёр буд.
Моҳи апрел низ ҳаво мисли тобистон буд. Дар водиҳо ҳарорат то 18-22 дараҷа гармӣ (меъёри маъмулӣ - 15-18 дараҷа гарм) расид. Ҳавои гарм бахусус дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ҳба мушоҳида расида, рӯзҳои ҷудогона ҳарорат дар ин ҷойҳо то 38 дараҷа гармӣ боло рафт.
Ба ин тариқ, ҳарорат дар моҳи апрел 2-4 дараҷа аз меъёр зиёд буд. Мутахассисон таъкид мекунанд, ки чунин гармии барвақт ва қариб пурра набудани боришот дар моҳи апрел, ба хеле зуд гармшавии ҳаво ва хок оварда расонид. Ин ба пеш аз муҳлат бедоршавии табиат ва ғайримуқаррарӣ тезтар шукуфтани гулу растаниҳо боис гардид.