Як моҳ пеш дар минтақаи Рашти Тоҷикистон заминларза бо қувваи 5.9 балл рух дод. Дар натиҷа зиёда 90 манзил тахриб шуд. Ин заминларзаи на он қадар харобиовар дар таърихи кишвар буд, лекин дар сурати амалкарди оқилона имкон дошт талафот коҳиш дода шавад.

Дар ин ҳолатҳо кишварҳои дигар чӣ гуна амал мекунанд ва мо аз онҳо чиро бояд омӯзем, то ки дар оянда талафот ҳарчи камтар шавад?

Бисёр вақт мутахассисон баъд аз ҳодиса муайян мекунанд, ки биноҳо бо сабаби риоя нашудани меъёрҳои сохтмон ва истифодаи масолеҳи пастсифат фурӯ рехтаанд. Аммо баъзан,  талафот бо айби худи сокинон зиёд мешавад.

 

Худсарона тағйир додани тарҳи хонаҳо

Соли 1988 дар Арманистон зилзилаи Спитак бо қувваи 6,8 то 7,2 ба вуқӯъ пайваст. Он ҳамагӣ 30 сония давом карда, аммо бар асари он 25 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз ним миллион кас бесарпаноҳ монданд.

Баъди ин фоҷиа тасмим гирифта шуд, ки нақшаи нави ба минтақаҳои аз нигоҳи зилзила хатарнок ҷудо кардани қаламрави Арманистон таҳия шавад. Бар асоси он, сатҳи хатарнокии зилзила 1–2 дараҷа боло бурда шуд: яке аз сабабҳои харобӣ маҳз нодида гирифтани хатари воқеӣ буд.

Заминларзаи Спитак
Александр Гращенков

Ҳамчунин Хадамоти ҳифзи сейсмикии Арманистон таъсис ёфт, ки барои баланд бардоштани сатҳи амнияти сейсмикӣ нақши муҳим бозид. Меъёрҳои сохтмон низ сахттар шуданд: то зилзилаи Спитак биноҳо барои тобоварӣ ба зилзилаи 7–8 балл тарҳрезӣ мешуданд. Аммо аз соли 1994 биноҳои баландошёна бояд ба зилзилаҳои то 8–9 балл тоб меоварданд.

Боз баъдтар дар соли 2017 сатҳи устувории сейсмикӣ боз ҳам боло бурда шуд: мувофиқи меъёрҳои нав, биноҳо бояд ба зилзилаҳои 9–10 балл низ тоб оранд.

Доктори илмҳои геологӣ, профессор Сергей Назаретян дар суҳбат бо ВАО ба камбудиҳо дар ҳама зинаҳои ҳифзи сейсмикӣ ишора кардааст: иштибоҳҳо дар тарҳрезӣ, сохтмон ва истифодаи дурусти биноҳои баландошёна, инчунин сатҳи пасти омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои фурӯ рехтани хонаҳо — худсарона тағйир додани тарҳи хонаҳо аз ҷониби худи сокинон буд: баъзеҳо таҳхонаҳоро поёнтар аз таҳкурсӣ меканданд, деворҳои борбардорро барои сохтани тиреза ё дар рахна мекарданд ва сутунҳои такягоҳиро меканданд.

"Баъди ин биноҳо ҳангоми ларзишҳои сабук низ осебпазир мешуданд, чӣ расад ба зилзилаи пурқувват", – таъкид кард ӯ.

Заминларзаи харобиовари Канто

Ҷопон бо назардошти фаъол будани минтақаи сейсмикӣ, яке аз аввалин кишварҳоест, ки масъалаи аз лиҳози сейсмикӣ устувор будани биноҳоро ҷиддӣ пайгирӣ кард. Дар он ҷо биноҳоро чунин месозанд:

– "болишти резинӣ" — дар зери бино ҷойгир шуда, таҳкурсии онро аз замин ҷудо мекунад, то ларзишҳои уфуқиро фурӯ нишонанд. Бо ин роҳ ҳангоми зилзила, бино каме ҳаракат мекунад, вале фурӯ намеравад.

– оҳанбаст (каркас) барои биноҳои баландошёна ба ҷойи сохторҳои оҳану бетонӣ. Ба туфайли ин бино мустаҳкамтар мешавад.

– демпферҳо (дастгоҳи кам кардани калавишҳо) дар тамоми баландии бино ҷойгир шуда, ларзишҳоро фурӯ менишонанд.

Сохтмони ба зилзила тобовар дар Ҷопон
Инфографикаи ВВС

– лангарҳои вазнашон 300 то 600 тонна. Онҳо дар болои бом ҷойгир шуда, барои нигаҳдории мувозинат ва фурӯ нарафтани бино кумак мекунанд.

Моҳи августи соли 2023 ширкати Sekisui House эълон кард, ки бо бинокорони дигар табодули таҷриба карда, сохтмони муштараки хонаҳои чӯбинро оғоз менамояд. Ҳадаф ба кор бурдани сабақҳои зилзилаи Канто барои баланд бардоштани ба зилзила устувории хонаҳои чӯбин буд, ки маъмулан дар зилзилаҳо сахт осеб мебинанд.

Технологияи ба зилзила тобовари Sekisui House
Акс аз The Jiji Press, Ltd.

Заминларзаи Канто рӯзи 1 сентябри соли 1923 дар халиҷи Сагами рух дод. Шиддати он 7 балл бо меъёри ҷопонӣ буд. Дар натиҷа наздикии маркази заминларзаро лағжишҳои замин фаро гирифта, соҳил аз мавҷи сунами зарар дид ва дар Токио ҳазорон бино хароб гардиданд. Дар маҷмӯъ, 370 000 хона пурра ё қисман фурӯ рехта, наздики 105 000 нафар ҷон бохта ё бедарак шуданд.

Ба гуфтаи мудири Sekisui House Накая Ёсихиро, дар технология ба пайванди мустақими сутунҳо бо таҳкурсӣ ва пайвасти устувори онҳо бо болорҳо тааваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд.

Заминҷунбии харобиовари Канто
Сурат: Yokohama Central Library

Зилзилаи маргбор, ки ба фаромадани ярчу тарма дар Эверест боис гардид

Моҳи апрели соли 2015 дар маркази Непал зилзилаи шадиде бо қувваи 7.9 балл рух дода, дар натиҷа зиёда аз 500 ҳазор манзил пурра тахриб гардида, ҳадди ақалл 269 ҳазор бино осеб диданд. Теъдоди қурбониён 8964 ва маҷрӯҳон аз 17,5 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар пойтахт бурҷи таърихии Дхарахара фурӯ рехт. Ларзишҳо дар Ҳиндустон, Мянмар ва Бангладеш низ эҳсос шуда, ин ҷо низ одамон осеб диданд.

Зилзила ҳатто ба Эверест таъсир расонд: дар натиҷаи фаромадани тарма 24 кӯҳнавард ҷон бохтанд.

Моҳи майи ҳамон сол нахуствазири Непал Сушил Коирала зимни сафар ба ноҳияи Горкха, ки маркази офати табиӣ буд, изҳор дошт, ки ҳукумат манзилҳои нисбатан камтар осебпазир ба заминҷунбӣ месозад.

Непал
Акс аз РИА Новости / Максим Григорьев

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ҳукумат барои ҳалли масоили марбут ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ махсус вазорати ҷудогона таъсис медиҳад.

Пас аз Измит

Соли 1999 дар наздикии шаҳри Измити Туркия заминларзаи пуршиддат бо қувваи 7,6 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер рух дод. Сабабаш шикофи тектоникии Анатолияи Шимолӣ дар минтақаи шимолии Дюзҷе арзёбӣ гардида, тибқи маълумоти Раёсати СММ, масоҳати осебдида 31 250 км²-ро дар бар гирифт.

Дар натиҷа зиёда аз 17 ҳазор нафар ҳалок шуда, боз беш аз 50 ҳазор каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Пас аз ин меъёрҳои бехатариро дар Туркия шадидтар карда, баъди соли 2018, вақте ки ҷаҳонро офатҳои табиӣ фаро гирифтанд, тадбирҳо боз ҳам сахттар шуданд. Акнун бинокорон дар минтақаҳои аз лиҳози зилзила хатарнок бояд бетони баландсифатеро, ки бо меҳварҳои пӯлодӣ ва арматура пайваст шудааст, истифода мебурданд. Сутун ва болорҳо бояд тавре ҷойгир мешуданд, ки ларзишҳои зеризаминиро фурӯ нишонанд.

Аммо ин қоидаҳо начандон хуб риоя мешуданд.

“Мушкилӣ қисман сари он аст, ки таъмиру навсозии биноҳои мавҷуда хеле кам гузаронида мешавад ва дар ҳамин ҳол, дар биноҳои нав меъёрҳои сохтмон хуб риоя намешаванд”, - гуфтааст профессори тарҳрезии садамавӣ ва идоракунӣ дар коллеҷи Донишгоҳи Лондон Дэвид Александер.

Соли 2023 дар Туркия ва Сурия заминҷунбӣ рух дод, ки бар асари он қариб 50 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Аз ҳама бештар вилояти Хатайи Туркия осеб дид: зиёда аз 21 ҳазор ҳалокшуда ва тахриби қариб 9 ҳазор бино.

Пас аз ин вазири ҳифзи муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия Мурат Курум изҳор намуд, ки ҳукумат шаҳрҳои навро мутобиқи модели “Сипари миллии хатарҳои Туркия” дуртар аз хатти шикофҳо месозад. Таҳкурсии онҳо мустаҳкамтар шуда, инчнуин таҷрибаи бештар мувофиқи муҳандисӣ истифода хоҳад шуд.

Хатай (Туркия)
Сурат: Getty Images

“Дар доираи сафарбарӣ ба сохтмони хонаҳои ба офатҳо тобовар дар Хатай, ки бузургтарин дар таърихи кишвар аст, ба сурати умум мо ба бунёди 250 ҳазор манзил - 216 ҳазор дар марказҳои вилоят ва 34 ҳазор - дар деҳот оғоз кардем. Ҷараёни сохтмон ҳамзамон дар 11 вилоят аз 21 феврал, аз ҷумла 7,1 ҳазортоаш дар Хатай идома дорад”, - шарҳ додааст ӯ.

Мурат Курум илова намудааст, ки хонаҳои наве, ки дар минтақа сохта мешаванд, 3-4-ошёна хоҳанд буд.

Дар Тоҷикистон чӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд?

Тавре ки зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” корманди илмии Инстититути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва зилзилашиносӣ Пӯлод Аминзода хабар дод, айни замон лоиҳакашӣ ва сохтмон дар қаламрави Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои ҷории сохтмон, ки дар он минтақаҳои умумии сейсмикӣ пешниҳод карда шудаанд ва онҳоро харитаи хатарнокии сейсмикӣ низ меноманд, амалӣ мешаванд.

Ин харитаҳо дар амал натиҷаи пешгӯии дарозмуҳлати заминҷунбиҳо мебошанд. Дар онҳо қитъаҳои қаламрав, ки дар ҳолати заминларзаи сахт дар кадом минтақаҳо кадом дараҷаи ларзиш метавонад рух диҳад, зикр шудаанд. Айни замон қувваи он бо баллҳои MSK-64 нишон дода мешаванд.

Маҳз чунин харитаҳо ҳамон пешгӯии кӯтоҳмуҳлати пеш аз 2-3 рӯзро то рух додани он дар бар мегиранд, ки аксаран дар бораи онҳо фикр ва изҳори назар мекунанд.

Шурӯъ аз охири солҳои 1990-ум аксари кишварҳои дар минтақаи хатарноки сейсмикӣ ҷойгирбуда, ба таҳия ва ба меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалии сохтмони ба зилзила тобовар дохил кардани харитаҳои хатарнокии эҳтимолии сейсмикӣ мегузаранд, ки дар онҳо эҳтимоли зиёд ё паст шудани хатар дар муҳлати муайян нишон дода мешавад.

Имрӯз Тоҷикистон қариб ягона кишваре боқӣ мемонад, ки дар меъёрҳои ба зилзила тобовар то ҳол харитаҳои пешинаи хатарнокии сейсмикии соли 1978 амал мекунанд.

Хатарнокии эҳтимолии зилзила бо забони содда чунин аст: дар як сол 1–2 маротиба зилзилаи 3–4 балл; ҳар 10–15 сол — зилзилаи 5–6 балл; зилзилаи 7-баллӣ дар Душанбе бори охир соли 1952 эҳсос шудааст, 8-баллӣ — соли 1907.

Ба ин тариқ, ҳар қадар муҳлати таҳлил зиёдтар бошад, эҳтимоли зилзилаи пурқувваттар зиёд мешавад.

“Харитаҳои эҳтимолии хатарнокии сейсмикӣ барои Тоҷикистон панҷ сол пеш аз ҷониби Институт таҳия шудаанд. Баъд аз таҳияи онҳо, мутахассисон таҷрибаи кишварҳои дигарро омӯхта, роҳҳои ворид кардани ин харитаҳо ба меъёрҳоро пешниҳод ва баррасӣ намуданд. Бо ҳамтоён аз дигар кишварҳо тарзу равиши истифодаи харитаҳо омӯхта шуданд, ки дар амал ба бозбини калидии меъёрҳои сохтмони ба зилзила тобовар дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд”, - шарҳ дод Пӯлод Аминзода.

"Меъёрҳо чизи шахшуда нестанд, онҳо давра ба давра дар навбати аввал, бо назардошти таҳлили оқибатҳои заминларзаҳои харобиовар дар қаламрави ҷумҳурӣ ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бояд такмил ёбанд", – мегӯяд Аминзода.

Ин ҷо метавон зикр кард, ки аз оғоз, маҳз аз соли 1933 дар Тоҷикистон ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои ба зилзила тобовар меъёрҳои замони шӯравӣ истифода мешуданд. Сипас дар як давраи муайян - аз оғози солҳои 1990-ум то соли 2007 меъёрҳои Русия. Шурӯъ аз соли 2008 дар Тоҷикистон меъёрҳои ба зилзила тобовари Тоҷикистон қабул ва амал мекунанд. Соли 2015 таҳрири дуюми ин меъёрҳо ва соли 2018 - таҳрири сеюми онҳо нашр шуд.

Тӯли 10 сол меъёрҳо бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ се бор таҳриру навсозӣ шуданд. Пӯлод Аминзода шарҳ медиҳад, ки навсозии оянда ҷиҳати ба харита ворид нммудани меъёрҳои арзёбии эҳтимолии хатарнокии сеёсмикӣ вобаста буда, ин дафъа тағйирот дар меъёрҳо аллакай хусусияти глобалӣ касб мекунанд. 

“Тибқи таҳқиқоти нав ва дар асоси зилзилаҳои хатарноки Туркия (феврали 2023), меъёрҳои Тоҷикистон хеле муҳофизакоронаанд, яъне сатҳи хатарнокии муайянро барои иншооти лоиҳа таъмин мекунанд. Дар ин ҳолат дар таъмини ба зилзила тобоварии воқеии иншоот сифати масолеҳи сохтмон, инчунин сифати худи сохтмон нақши бузург дорад”, - мегӯяд корманди илмӣ.

"Ин ногузир буд"

"Дар робита ба оқибаҳои фоҷеабори заминларза дар Рашт бошад, пас ин ногузир буд. Минтақаи Рашт, ки Тоҷикобод ҳам ба он мансуб аст, яке аз минтақаҳои хатарноки сейсмикии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин минатқа фалокати соли 1949 дар Ҳоит рух дода буд", - зикр мекунад Аминзода.

Ин ҷо замоне Ҳоит воқеъ буд
Сурат: Asia-Plus

"Сарфи назар аз ин, аҳолӣ хонаҳои худро аз масолеҳи нопойдори гилӣ (лой) месохт ва ҳамоно месозад. Дар натиҷа мо бо талафоти калон дучор шудем, ҳарчанд заминларза бо меъёрҳои сейсмологӣ "миёна" ҳисобида мешуд — магнитудаи он 5.9 балл тибқи шкалаи Рихтерро ташкил дод, шиддати ларзиш дар минтақаи эпитсентр ба 7 балл тибқи шкалаи MSK-64 расид, дар маҳалҳои зарардида бошад, аз 5–6 балл зиёд набуд", — зикр мекунад мутахассис.

Дар робита ба тобоварии бинову иншоот ба заминҷунбӣ Аминзода зикр кард, ки ба зилзила тобовар бино ё иншооте шуморида мешавад, ки дар сохтмони он ба нуқсонҳои сохторӣ, ки метавонанд ба тахриби марговар ва фалокатҳои экологӣ оварда расонанд, роҳ дода нашавад.

Дар ҳамин ҳол, ба осебҳои ҷузъии сохтори бино, ки ба кӯчонидани одамон халал намерасонанд ва боиси нобуд шудани таҷҳизоти гаронбаҳо намешаванд, иҷоза дода мешавад.

Ба зилзила тобоварии иншоот тавассути амалӣ намудани чораҳои махсус, ки устувории онҳоро ба заминларза баланд мебардоранд, таъмин карда мешавад. Чунин тадбирҳо барои биноҳо ва иншооте роҳандозӣ мешаванд, ки дар минтақаҳои зилзилахез, аз ҷумла дар минтақаҳои бо шиддати 7 балл ва болотар ҷойгиранд.

“Аксари мардум бар он назаранд, ки агар хона аз масолеҳи босифат сохта шуда, меъёрҳо риоя шаванд, он метавонад зилзиларо бо шиддати 6 балл «оромона» бе вайроншавӣ паси сар кунад. Ин нуктаро маҳз оқибатҳои заминларзаи моҳи апрел дар Рашт тасдиқ карданд — ҳамаи биноҳо ва хонаҳое, ки бо риояи меъёрҳои амалкунандаи сохтмони ба зилзила тобовар бунёд шуда буданд, гарчанде каме осеб диданд, вале пурраву комил боқӣ монданд ва вайрон нашуданд», — таъкид мекунад Пӯлод Аминзода.

Дар ҳамин ҳол, ҳамаи он биноҳое, ки вайрон шуданд ё зарари ҷиддӣ диданд, бо истифода аз масолеҳи гилии камқувват ва бе унсурҳои мустаҳкамкунӣ сохта шуда буданд. Ҳарчанд аз замони шӯравӣ дар меъёрҳои сохтмони ба зилзила тобовар таъкид мешуд, ки ба сохтани хонаҳо аз масолеҳи гилӣ танҳо дар минтақаҳои зилзилахез бо шиддати 7–8 балл иҷозат дода мешавад ва он ҳам бо шарте, ки деворҳо бо чаҳорчӯбаи чӯбии антисептикашуда мустаҳкам карда шаванд.

«Танҳо метавон илова намуд, ки дар меъёрҳои амалкунандаи сохтмони ба зилзила тобовар дар қаламрави Тоҷикистон ба чаҳорчӯбаи чӯбӣ ҳамчунин чаҳорчӯбаи оҳану бетонии яклухт низ илова шудааст. Дар асл, ҳам аҳолӣ ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ дар маҳалҳо аз ин хуб огоҳанд», — мегӯяд мутахассис.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз заминларзаи Рашт дар соли 2006 бо иштироки мутахассисони Институт дар баъзе маҳаллаҳои ноҳия омӯзишҳои махсус оид ба сохтани хонаҳои гилӣ бо чаҳорчӯбаи чӯбӣ гузаронида шуда буданд.

"Аммо мутаассифона, мардум ин омӯзиш ва сабақҳои заминларзаҳои қаблии шадидро зуд фаромӯш мекунанд ва ҳамаи тавсияҳо оид ба таъмини амнияти зилзилавии манзилҳо нодида гирифта мешаванд", — мегӯяд мутахассис.

Пӯлод Аминзода таъкид мекунад, ки яке аз сабабҳои асосии оқибатҳои фоҷиавӣ на танҳо ҳангоми заминларзаи Рашт, балки дар дигар заминларзаҳо дар деҳот — омилҳои иқтисодӣ мебошанд.

"Гап сари он аст, ки сохтмони манзили ба зилзила тобовар бо масолеҳи босифат ва сифати хуби кори сохтмон нисбат ба сохтмон бо масолеҳи гилии арзони маҳаллӣ хеле гаронтар меафтад. Аз ин рӯ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ки масъули рушди шаҳрсозӣ дар қаламрави кишвар ҳастанд, албатта, метавонанд сифати масолеҳ ва сохтмонро назорат кунанд, ба мардум маслиҳат диҳанд, ки дар ҳолатҳои гуногун чӣ гуна амал кунанд, аммо маҷбур кардани шахс барои истифодаи масолеҳи сохтмонии босифат барои сохтани манзили шахсии худ ғайриимкон аст", - мегӯяд Аминзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.