Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон гуфт, дар пайи даргирӣ миёни Эрону Исроил 120 шаҳрванди хориҷӣ, ки миёнашон табааи Тоҷикистон низ ҳастанд, тавассути марзаш аз Эрон берун овардааст.
Дар миёни онҳо ҳамчунин, шаҳрвандони Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Руминия ва дигар кишварҳо будаанд.
Дар ин бора имрӯз, 16-уми июн ВКХ Туркманистон иттилоъ дода, гуфтааст, “ин нафарон бо нақлиёт, ғизо, меҳмонхона ва дигар чизҳои лозима таъмин карда шудаанд”.
Мақомоти Туркманистон гуфтааст, “қаламрави худро барои хуруҷи дипломатҳои хориҷӣ, аъзои оилаи онҳо ва дигар шаҳрвандони феълии Эрон таъмин менамояд”.
“Дар ин замина Туркманистон содиқ будани худро ба принсипҳои инсондӯстӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамсоягии нек дар амал тасдиқ мекунад”, - навиштааст ин ниҳод.
Кӯшишҳои мо барои гирифтани итилои расмӣ аз мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ва дар маҷмуъ, вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон бенатиҷа анҷомид.
Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон эълом кардааст, дар ҳамкорӣ бо намояндагии дипломатиаш дар Эрон ва Озарбойҷон барои берун кардани шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ меандешад. То имрӯз 24 шаҳрванди ин кишвар тавассути гузаргоҳи Астара, ки Эронро бо Озарбойҷон мепайвандад, берун оварда шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил бо 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба Эрон ҳамла кард. Ин кишвар ҳамлаи худро “Бархостани шер” унвон дода, ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.
Дар посух ба ин ҳамла Эрон шаби 14-уми июн дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи Посдорони Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон "Ваъдаи содиқ 3" ном дошта, ҳадафи аслии он се пойгоҳи ҳавоӣ дар Исроил буд.
Даргириҳо то ҳол идома доранд ва то имрӯз шумораи кушташудаҳо аз ҷониби Эрон ба 224 нафар ва аз тарафи Исроил ба 19 нафар расидааст. Ҳамчунин, садҳо тан маҷруҳ шудаанд.





“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста