Дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airline” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шудааст. Аз ҷумла, парвозе, ки бояд аз сӯи “Varesh Airline” имрӯз аз Машҳад ба Душанбе ва баръакс анҷом дода мешуд, бекор шуд.

Намояндагони ин ширкат дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, парвозҳо бо далоили амниятӣ ва дар пайи баста шудани фазои ҳавоии Эрон лағв шудаанд.

Аз ин ширкат зикр карданд, ки шаҳрвандони Эрон, ки бинобар қатъ гардидани парвозҳо наметавонанд ба ватан баргарданд, метавонанд раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.

“Ҳоло интизори посухи мусбати сафорати Туркманистон оид ба додани раводид барои шаҳрвандони Эрон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ҳастем”, — зикр намуданд аз ширкат.

Таблои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки лағв шудани парвоз аз Машҳадро нишон медиҳад. 17.06.2025

Ҳамчунин гуфтанд, ки имкони ташкили як парвози чартерӣ аз Душанбе ба Ашқобод низ баррасӣ мешавад.

“Мо ҳамчунин, бо ширкати “Somon Air” мувофиқа кардем, ки дар ҳолати ҷамъ омадани шумораи кофии мусофирон як парвози чартерӣ аз Душанбе ба Ашқобод ташкил диҳем. Ҳоло дар рӯйхат — тақрибан 70 шаҳрванди Эрон ҳастанд. Ҳавойпамо барои 80 нафар пешбинӣ шудааст. Хоҳишмандон метавонад барои парвоз сабт шавад. Аммо дар оғоз зарур аст, ки раводиди ҷониби Туркманистонро дастрас кунанд”, — зикр намуданд дар ширкат.

Ба парвози чартерӣ инчунин, дастаи ҷавонони футболи Эрон (тақрибан 30 нафар), ки барои ширкат дар мусобиқа ба Душанбе омада буданд ва бинобар баста шудани фурудгоҳ натавонистанд сари вақт парвоз кунанд, ҳамроҳ карда мешаванд.

 

Берун кардани шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Туркманистон ва Озарбойҷон

Аз “Varesh Airline” гуфтанд, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доранд, бо дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон автобус ташкил шудааст, ки онҳоро то гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Туркманистон мебарад.

Акси марбут
Акс аз Wikipedia.org

Он ҷо, бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон, мусофирон ба автобуси дигар, ки ба самти Тоҷикистон меравад, интиқол дода мешаванд.

“Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ва консулгарӣ дар Машҳад барӯйхатгирии шаҳрвандони дигарро, ки наметавонанд ба ватан баргарданд, идома медиҳанд. Гурӯҳҳо 20-нафара ташкил карда мешаванд ва дар сарҳад ба онҳо раводидҳои туркманӣ дода шуда, бо автобусҳо ба Тоҷикистон баргардонда мешаванд”, — гуфтанд намояндагони ин ширкат.

Қаблан, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз роҳҳои заминии Туркманистон  қаламрави Ҷумҳурии Исломиро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи сафир, дигар шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи қаламрави ҳамсоякишварҳои дигари Эрон ба мисли Озарбойҷону Арманистон ба ватан бармегарданд.

Низомиддин Зоҳидӣ гуфтааст, бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон ихтиёрист ва ба касе амр нашудааст, ки хоки Эронро тарк кунанд.

"Мо дар як ҳафта панҷ парвоз дорем. Ду парвозамон, ки сурат нагирифт, инҳо асосан ҳамонҳое ҳастанд, ки бо ин парвозҳо бояд ба ватан бармегаштанд. Онҳое, ки барои табобат омада буданд, барои тиҷорат омада буданд, барои давраҳои омӯзишӣ омада буданд. Онҳо бояд бармегаштанд, аммо ду парвоз, ки сурат нагирифт, ҳаминҳоро мо ба ватан баргардондем”, - гуфтааст сафир.

Ин дипломат зикр кардааст, ки сафорат рӯйхати тақрибан 100 нафари дигарро, ки бояд ба Тоҷикистон баргарданд, таҳия кардааст.

Новобаста ба ҳамлаҳои Исроилу Эрон ба ҳамдигар, Низомиддин Зоҳидӣ гуфтааст, кормандони сафорат ба таври маъмулӣ ба кори хеш идома медиҳанд.

Аз ин пештар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон гуфта буд, ки 120 шаҳрванди Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Руминия ва чанд кишвари дигар тавассути ин давлат аз Эрон берун шудаанд. Ҳамчунин, расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Озарбойҷон низ аз Эрон берун шуданд. Тибқи маълумоти расмӣ, 88 нафар рӯзи 14 июн ва боз 225 нафар рӯзи 15 июн Эронро тарк карданд.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 13-уми июн Исроил бо 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба Эрон ҳамла кард. Ин кишвар ҳамлаи худро “Бархостани шер” унвон дода, ҳадафи онро зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон гуфт.

Дар посух ба ин ҳамла Эрон шаби 14-уми июн дар чанд мавҷи ҳамлаҳо бо мушакҳои болистикӣ минтақаҳои гуногуни Исроилро ҳадаф қарор дод. Сипоҳи Посдорони Эрон эълом кард, ки ҳамлаи Эрон "Ваъдаи содиқ 3" ном дошта, ҳадафи аслии он посух ба таҷовузи исроил аст.

Даргириҳо то ҳол идома доранд ва то имрӯз шумораи кушташуда ва замхиҳо аз ҳарду ҷониб ба садҳо тан мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.