Дар конфронси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои об, ки рӯзи 13-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, як пора ё худ намуна ях аз пиряхи Помири Тоҷикистон ба Бунёди "Ice Memory Foundation" барои ҳифзи минбаъда супурда шуд.
Дар ин ҳамоиш, Томас Сакс ва Эван Майлз, муҳаққиқони швейтсарӣ натиҷаҳои экспедитсияи худро, ки дар Помир гузаронида шуд, муаррифӣ карданд.
Ин пора, ки маълумотро дар бораи иқлими минтақа дар тӯли ҳазорсолаҳо дар бар мегирад, як воситаи муҳим барои омӯзиши таъсири тағйирот дар криосфера ба иқлим ва низомҳои экологии Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
"Омӯзиши пиряхҳо ва маълумоти онҳо барои дарки глобалии тағйироти иқлимӣ ниҳоят муҳим аст. Мо ният дорем, ки ин намунаҳоро дар озмоишгоҳҳои махсуси муҷаҳҳаз барои таҳлили муфассал нигоҳ дорем", - гуфт Томас Стокер, яке аз муҳақиқони швейтсарӣ, ки таҳти роҳбарии ӯ ин пора ях супорида шуд.

Олимон ба андозагирии ҳаҷми ях дар Помир таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Нисбат ба усули анъанавии ченкунии дарозии пиряхҳо, муҳаққиқон тавонистанд ҳаҷми яхро низ муайян кунанд, ки ба ҳосил шудани тасаввури нисбатан комил дар бораи вазъи криосфераи минтақа имкон медиҳад.
Олимон дар Помир чӣ гуна пиряхҳоро андозагирӣ карданд?
Барои иҷрои ин кор, олимон маҷбур шуданд аз чархболҳо истифода баранд, зеро бисёре аз пиряхҳо дар баландии беш аз 5000 метр ҷойгир шудаанд.
Дар ҷараёни экспедитсия, 8 пирях чен карда шуд, ки ба таҳияи харитаи дақиқ ва фаҳмидани чӣ гуна тағйир ёфтани онҳо дар шароити гармшавии сартосарӣ (глобалӣ) имкон медиҳад.
"Мо на танҳо дарозии пиряхҳо, балки ҳаҷми онҳоро низ чен кардем. Ин барои дақиқтар муайян кардани чӣ қадар дар минтақа боқӣ мондаи ях имкон медиҳад", - таъкид кард Эван Майлз.
Амиқии пиряхҳо ба дарки иқлими гузашта ва оянда кӯмак мерасонад
Яке аз марҳилаҳои муҳими кор, чен кардани ҳарорати дохили пиряхҳост, ки барои дарки ҷараёни ҳарорат (термодинамика)-и ях ва таъсири он ба иқлим муҳим аст. Таҳқиқот дар ин соҳа ба олимон имкон медиҳад, ки таъсири тағйири ҳароратро ба сохтор ва рафтори ях дақиқтар пешгӯӣ кунанд.
Муҳимтарин марҳилаи кор, парма кардан ба чуқурии беш аз 100 метр буд, ки ҷиҳати гирифтани пораи яхи беш аз 1000 сола имкон дод. Ин намуна дар озмоишгоҳҳо мавриди таҳлил қарор гирифта, олимон умедворанд, ки дар бораи иқлими гузашта маълумоти нодир ба даст меоранд ва он барои пешгӯии тағйироти оянда кумак мекунад.

Миёни барфу сармо
Муҳаққиқон нақл мекунанд, ки кор дар чунин шароити шадиди табиӣ хеле душвор буд. Ҳарорат то ба 15 дараҷа сардӣ расида, мавзеи баланди кӯҳистон омодагии махсусро талаб мекард.
"Ҳавои сард, душвориҳои логистикӣ, ҳамаи ин воқеан санҷиши ҷиддӣ буданд. Бо вуҷуди ин, ба туфайли тифоқии даста ва ҳамкории байналмилалӣ мо тавонистем ҳамаи монеаҳоро паси сар кунем", - иброз дошт Томас Сакс.

Расонидани таҷҳизот ва лавозимот ба баландии беш аз 5000 метр барои гурӯҳ як санҷиши ҷиддӣ буд. Аммо мушкилоти асосӣ, интиқоли ях аз қуллаҳои Помир ба Душанбе гардид.
Бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо, олимон мутмаинанд, ки маълумоти дарёфтшуда барои дарки тағйироти иқлим дар Осиёи Марказӣ ниҳоят муфид хоҳад буд.
Идомаи таҳқиқот дар Помир. Минбаъд чӣ мешавад?
Экспедитсия идома ёфта, соли 2026 ба анҷом мерасад. Оянда олимон ният доранд, ки корҳои пармакунии иловагӣ гузаронида, маълумоти нави илмӣ ҷамъ оваранд, то амиқтар дарк намоянд, ки тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Помир ва ба таври умум ба Осиёи Марказӣ чӣ гуна таъсир мерасонад.
"Мо дар ин минтақа ду соли дигар фаъолият хоҳем кард. Ин ба мо имконият медиҳад, ки маълумоти бештар ҷамъ карда, фаҳмем, ки тағйироти иқлим ба низомҳои экологии минтақа чӣ гуна таъсир мерасонад", — зикр кард Томас Сакс.

Аҳамияти эскпедитсия барои Осиёи Марказӣ
Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар онҳо пиряхҳо дар таъмин намудани захираҳои об нақши калидӣ доранд, ин таҳқиқот аҳамияти хосса дорад.
Пиряхҳои Помир манбаи оби тозаи чандин кишвари минтақа мебошанд ва таназзули онҳо метавонад ба таъминоти об таъсир расонида, ба фоҷеаҳои экологӣ боис гардад.
Маълумоти мазкур ба таҳияи стратегияҳои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим, инчунин бунёди низомҳои огоҳкунии барвақтӣ дар бораи офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, мусоидат мекунад.
Ин таҳқиқот на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа муҳиманд, зеро онҳо барои фаҳмидани чӣ гуна тағйир ёфтани иқлим дар мавзеъҳои баландкӯҳи Осиёи Марказӣ кумак мекунанд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби "Маркази омӯзиши пиряхҳо"-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Тавре Назриаъло Шерализода, директори марказ гуфт, криосфера дар таъмини захираҳои обии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нақши ниҳоят муҳим дорад.
"Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза (нӯшокӣ) барои кишварҳои зиёди минтақа, бахусус дар фасли тобистон мебошанд. Аммо бо тағйир ёфтани иқлим, пиряхҳо на танҳо манбаи об, балки манбаи имконпазири офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, сел ва рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ низ мешаванд.

Тағйироти ҷаҳонии иқлим аллакай дар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ба дигаргуниҳои назаррас оварда расонидаанд ва Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нест. Пиряхҳои минтақа, бахусус дар баландкӯҳҳои Помир, ба таназзули ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудаанд, ки ин ба таъминоти об мустақиман таъсир расонида, хавфи офатҳои табииро зиёд мекунад", — таъкид кард Назриаъло Шерализода.





Эмомалӣ Раҳмон: “Бовар дорам, ки кормандони милитсия ба савганди худ ҳамеша содиқ мемонанд”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста