Дар 20 рӯзи мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, нақшаи даъват ба артиш 86% иҷро шудааст.

Дар ин бора Вазорати дифои кишвари хабар дода, гуфтааст, ки то 20-уми октябр ҳудуди 40 шаҳру ноҳия нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.

Бар асоси оморе, ки ин ниҳод нашр кардааст, минтақаҳои Тоҷикистон ба таври зайл нақшаро иҷро кардаанд:

- ВМКБ - 101,2%;

- вилояти Хатлон - 97%;

 - Душанбе - 87%;

- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури – 80%;

- вилояти Суғд - 73%.

Вазорати дифоъ иҷро шудани нақшаро ба “масъулиятшиносии ҷавонон ва бо хоҳиши худ ҳозир шудани онҳо ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зистшон”, рабт дода гуфта буд, ки  маъракаи даъват “муташаккилона идома дорад”.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дасти кам чор навори, ба гуфтаи корбарон, “облава”, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бардошта шудаанд, паҳн гардид. Дар ин наворҳо дида мешавад, ки чанд нафар ҷавонписаронро боздошт ва иҷборан ба мошинҳо савор карда мебаранд.

Солҳои гузашта низ аз боздошти иҷбории ҷавононписарон аз сӯйи нафарони номаълум дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардида, вокуниши ҷомеаро ба вуҷуд оварда буд.

Мақомот вуҷуди “облава”- ро ҳамеша рад мекунанд. Аммо мегӯянд, ки дар ҳолати баъди гирифтани даъватнома ҳозир нашудани ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ, мақомоти пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Бояд гуфт, маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусалаҳи кишвар аз 1-уми октябр оғоз гардид ва то 30-юми ноябр идома хоҳад ёфт. Бар асоси фармони раисҷумҳур, дар ин мавсим ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1998-2007) дар ба артиш ҷалб мешаванд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.