Дар ду ҳафтаи ахир ба таври  бесобиқа боло рафтани арзиши сӯзишворӣ ба хусус бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳру навоҳии Тоҷикистон нигаронии сокинони кишварро ба бор овардааст. Тибқи мушоҳидаҳо феълан дар ин нуқтаҳо арзиши як литр бензини навъи 95 то 5 сомону 70 дирамро ташкил медиҳад. Фурӯшандаҳои бензин мегӯянд, ҷаҳиши нарх боиси кам шудани мизоҷон  гардидаву бархе аз нуқтаҳои бензинфурӯшӣ дар пойтахт  аллакай баста шудаанд.

Файзиддин  яке аз ронандаҳои микроавтобуси мусофирбар мегӯяд, қиммат шудани арзиши бензин даромади онҳоро ба маротиб камтар кардааст. Қаблан агар ӯ рӯзе то 100 сомон фоида медид ҳоло даромади ӯ  ҳамагӣ 30 сомониро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай дар сурати идома ёфтани ин вазъ онҳо маҷбур мешаванд арзиши раҳкироро боло баранд.

Дар ҳамин ҳол  яке аз дигар мусоҳибони мо, ки соҳиби мошини худрав аст, гуфт қиматии бензин ба ҷайби вай зарба задааст. Ӯ афзуд, ба эҳтимоли бештар аз рондани  мошинаш  даст кашидаву аз велосипед ва ё дучарха истифода хоҳад кард.

Аммо Каюмарс  як донишҷӯ аз он шикоят мекунад, ки бархе аз ронанадагони нақлиёти мусофирбар нархи роҳкироро баланд кардаанд. Ва  ҷаҳиши қиммати бензин ба нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ҳам таъсир кардааст, ки ин аҳволи бе ин ҳам вазнини донишҷӯёнро бадтар мекунад.

Нуриддин Давлатов. яке аз фурӯшандаҳои нуқтаҳои бензинфурӯшӣ гуфт, ба фарқ аз аксари дигар нуқтаҳо онҳо бензинро бар ивази 5 сомониву 20 дирам мефӯршанд. Нисбатан арзонтар фурӯхтани бензинро вай дар мавҷудияти захираи ин навъи сӯзишворӣ арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, ин захираи онҳо ҳамагӣ барои  20 рӯзи дигар мерасад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қиммати бензин пас аз тасмими Русия дар мавриди қатъи содироти бензин ба  кишварҳои хориҷ сурат гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз Тоҷикистон  90 дарсади маводи сӯхти худро танҳо аз Русия ворид мекард.