Душанбе. 20-уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки мақомоти дахлдор ҷаласаи шаҳрдорӣ баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, М. Убайдуллоев бо таваҷҷӯҳ ба масоили таъмини сокинон ва меҳмонони пойтахт бо хизматгузории хушсифат дар ҳамаи бахшҳо таъкид бар он дошт, ки дар ин самт бори масъулият қабл аз ҳама ба субъектҳои хоҷагидорӣ вогузор буда, ба назорати хуби ҷамъиятӣ вобаста аст.
«Дар ҳамин ҳол, раиси пойтахт ба журналистон барои мусоидату кӯмак ба ситоди шаҳрии назорат аз болои фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ баён дошта, иброз намуд, ки идомаи минбаъдаи чунин ҳамкорӣ ҳамаҷониба судманд аст», - гуфт вай.
Ба қавли мавсуф, раиси пойтахт ҳамчунин гуфтааст, барои таъмини шаффофияти барномаҳои дар ҳоли татбиқ қарордошта ва таҳияи ҳисоботҳои маҷлиси вакилони халқи шаҳр мебояд баҳри санҷиши пешакии онҳо намояндагони ВАО-ро ҷалб намуд. «Дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба таъмини фаровонии бозорҳо бо маводи ғизоии мавриди ниёзи аввалия низ баррасӣ шуд», - афзуд Ш.Саидов.
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста