Душанбе. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Лондон ба хотири пуштибонӣ аз рӯзноманигори ҳабсшудаи хабаргузории Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов дар шаҳри Хуҷанд як намоиши эътирозӣ доир гардид.

Созмондиҳандаи намоиши мазкур журналист Шаҳида Яъқуб гуфтааст, «сарфи назар аз даъватҳои кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва як қатор созмонҳои журналистӣ, мутаассифона, ҳукуматдорони Тоҷикистон ҳамоно хомӯшанд ва рӯзноманигорро озод намекунанд».

Ба сафоратхонаи Тоҷикистон арзномаи оид ба ба дифоъ аз журналист бо имзои ҳудуди 300 нафар супурда шуд.

Ба ҳабс гирифтани рӯзноманигори хабаргузории Би-Би-Си дар шаҳри Хуҷанд вокуниши пурсарусадое дар ҷаҳон ба бор овард. Сафоратхонаҳои ИМА ва Британия дар Тоҷикистон, намояндаи САҲА оид ба озодии баён Дуня Миятович, созмони банулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз», Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон ва ташкилоту созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия изҳорот интишор сохта, аз ҳукумати Тоҷикистон дархости риояи қонуну адолат ва озодии журналистро тақозо карданд.

Хотиррасон мекунем. ки хабарнигори хадамоти ӯзбекии радиои Би-Би-Си Урунбой Усмонов рӯзи 13 июн дар шаҳри Хуҷанд дастгир карда шудааст. Як рӯз баъд ВКД Тоҷикистон хабари зеринро интишор дод: «Урунбой Усмонов соли 2009 бо ихтиёри худ ба сафҳои «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба воситаи Интернет дар вилоят ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизби мазкури экстремистӣ машғул шуда, варақаҳо ва китобҳои хосияти экстремистидошта паҳн карда, сокинони вилоятро ба узви «Ҳизб-ут-таҳрир» шудан даъват менамудааст».