Сохтмони китобхонаи ҷадиди миллии кишвар, ки дар майдони Исмоили Сомонӣ қомат меафрӯзад, дар арафаи анҷомёбист. Гуфта мешавад, ин китобхона барои нигаҳдории ҳудуди  9 ммлн. Нусха китоб бунёд гардида,  бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз хоҳад гардид.

Қарор аст, китобхонаи мазкур, ки бо бузургӣ ва сохтмони худ дар минтақа беназир аст, дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба истифода дода шавад. Аммо ин шабу рӯз дар ҷомеъаи Тоҷикистон сару садоҳои зиёд, оид ба пур намудани хазинаи китобхона  ба гӯш мерасад. Баъзеҳо мегӯянд, хазинаи китобхона аз ҳисоби бунёди китобхонаҳои макотиби олии ҷумҳурӣ комил карда мешавад, ба иддаои гурӯҳи дигар, дар ғанӣ сохтани ин хазина шаҳрвандони оддӣ ва олимону нависандагон низ саҳм хоҳанд гирифт. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки  ин даъватҳо иҷборӣ ва ё ихтиёрӣ сурат мегиранд?

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги кишвар мегӯяд, супурдани китоб аз китобхонаҳои шахсӣ аз ҷониби зиёиён ва шаҳрвандони оддӣ ба таври ихтиёрӣ сурат хоҳад гирифт. Аммо дар ҳамин ҷо баъзе аз донишҷӯёни пойтахт мегӯянд, садорати факултаҳо онҳоро муввазаф кардаанд, ки барои китобхонаи ҷадид китобҳои бадеӣ биёранд, дар акси ҳол,  барои онҳо иҷозаи ҷамъбасти давраи тобистонаи имтиҳонот дода намешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи сару садоҳои мавҷуда, қарор аст, хазинаи Пауҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба китобхонаи ҷадид супурда шавад, аммо Акбари Турсон – раҳбари ин омӯзишгоҳ мегӯяд, феълан чунин муроҷиати расмӣ ба унвони идораи онҳо наомадааст ва агар чунин даъват сурат бигирад ҳам, онҳо ба гумони ғолиб танҳо ба додани нусхаи электронии дастхатҳо розӣ хоҳанд шуд. Зеро ба гуфти Акбари Турсон, дар пажӯҳишгох онҳо муттахасис ва шароити хуби нигаҳдорӣ ва ҳифозати дастхатҳоро доранд. Ба гуфти Акбари Трусон ҳоли ҳозир дар бойгонии омӯзишгоҳ беш аз 5 000 нусха дастхатҳои нодир маҳфузанд.

Бархе аз ҷомеъашиносон сохтмони чунин китобхонаи азимро бо дар назардошти вазъи бади молии Тоҷикистон ва бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, чандон зарур арзёбӣ намекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ҳоле ки дар муқоисаи замони шӯравӣ феълан шумори истифодабарандагони китобхонаҳои кишвар, коҳиш ёфтааст, ин китобхона низ муваффақ нахоҳад шуд.

Аммо Шариф Тошев, раҳбари китобхонаи милли кишвар ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегӯяд, сол аз сол шумори истифодабарандагони китобхонаи онҳо меафзояд ва дар рӯзҳои маъмулӣ онҳо  ҳудудан ба 500 – 800  хонанда хизмат мерасонанд.

Дар ҳамин ҳол, аксари мусоҳибони сарироҳии мо иброз доштанд, ки дасти кам зиёда аз 2 то 20 сол ба китобхона нарафтаанд. Аммо донишҷӯён аз китобхона зиёд истифода мекунанд, чун ниёзи бештар  ба истифодаи китобҳои илмиву соҳавиро доранд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ: «Ҷараёни сохтмони китобхонаи милли кишвар идома дорад. Расми ботантанаи ифтитоҳи ин китобхона дар арафаи ҷашни 20 -умин солгарди истиқлолияти кишвар сурат хоҳад гирифт. Ин китобхона барои зарфияти тақрибан 9 млн. нусха китоб бунёд гардида истодааст, яъне ин китобхона дар минтақа беназир хоҳад буд. Гуфтан ба маврид аст, ки ин китобхона бо таҷҳизоти муосири технологӣ  муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Аз тарафи дигар, ин хазина бо китобҳо, дастхатҳои нодире, ки дар кишвари мо мавҷуданд, таъмин хоҳад шуд. Дар ҳамаи муассисаҳои маълумоти олӣ китобхонаҳои худашон нигоҳ дошта мешавад, аммо аз олимону устодон ва донишҷӯён хоҳиш  карда мешавад, ки ба таври ихтиёрӣ барои ғанӣ гардидани хазинаи китобхонаи ҷадид мусоидат кунанд».