Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба Хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад, 1 млн. нусха китоб тақдим мекунанд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати маорифи кишвар Ноилшо Нуралиев хабар дод, имрӯз 350 ҳазор нусхаи нашрияҳои арзишманде, ки бо ташаббуси кормандони соҳаи маориф аз тамоми манотиқи кишвар ҷамъоварӣ шудаанд, дар маросими тантанавӣ ба Китобхонаи миллӣ супурда хоҳанд шуд. Танҳо бевосита аз ҷониби Вазорати маориф ба хазинаи асосии нигаҳдории китобҳои ҷумҳурӣ 10 ҳазор нусха китобҳои гуногун тақдим карда шуданд.

«Ғайр аз ин, кормандони бахши маориф ҳамчун тӯҳфа барои китобхонаи миллӣ аксу тасвирҳо, асбоби ороишоту санъати ҳунармандиро низ хоҳанд супурд», - гуфт Нуралиев.

Ба қавли номбурда, кормандони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ тасмим гирифтаанд, ки ин ташаббусро то аввали моҳи сентябр идома диҳанд.