Кӯлоб. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар қаламрави гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 14 тонна намаки йодношуда аз фурӯш мусодира шуд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори раёсати минтақавии «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб Рустам Неъматов дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки пас аз ташхис қисмате аз маҳсулот барои коркард ба корхонаҳо ва қисмати дигар барои эҳтиёҷоти ташкилотҳои коммуналӣ фиристода шудааст.

Ба қавли ӯ, ҳангоми баргузории 729 ташхиси маводи ғизоӣ дар 10%-и ҳолатҳо ба истеъмол корношоям будани онҳо муайян гардидааст. «Дар нимсолаи аввал бинобар ба меъёрҳо ҷавобгӯ набудан ҳамчунин 540 кило равған, 109 кило маҳсулоти қаннодӣ, 67 кило макарон, 18 кило чой, 67 кило маҳсулоти ширӣ, даҳҳои кило ҳасиб ва ҳудуди 200 декалитр нӯшокиҳои ғайримашруботӣ низ аз фурӯш мусодира карда шуданд», - афзуд номбурда.