Хуҷанд. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Рӯзи панҷшанбе, 14-уми июл, хабарнигори хадамоти ӯзбекии Б-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов аз тавқифгоҳи муваққатии № 2-и шаҳри Хуҷанд озод карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» писари рӯзноманигор Ойбек Усмонов хабар дод, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ онҳоро аз озодии Усмонов огоҳ сохта, ба назди бинои додситонии вилоят овардаанд ва дар ин ҷо аҳли оила ӯро пешвоз гирифтаанд. Айни замон рӯзноманигор дар манзили зисташ қарор дошта, аз муколама бо матбуот канораҷӯйи мекунад.

«Падарам харобу хаста шудааст ва мо ният дорем, ки ӯро аз муоинаи табибон гузаронида, сипас ба табобаташ шурӯъ намоем», - гуфт писари рӯзноманигор.

Ӯрунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ ба иттиҳоми узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар шаҳри Хуҷанд боздошт гардида, сипас ин айбдорӣ бекор ва айни замон ӯ барои ба мақомоти ҳукуматӣ хабар надодан дар бораи фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон маълум гардид, ки нисбат ба рӯзноманигор чораи ҷазо тағйир дода мешавад. Додситони кулли ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода изҳор кард, ки бо қарори Додситони кулл Ӯрунбой Усмонов бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда мешавад.

«Мақомоти додситонӣ омӯзиши парвандаи ҷиноӣ нисбати Усмоновро ба анҷом расонида, ба хулосае расиданд, ки баррасии онро метавон минбаъд бидуни дар маҳбас қарор доштани ӯ идома дод, - гуфта буд Ш.Салимзода. - Ман дар ин бора қарори дахлдорро ба имзо расонидам ва Ӯрунбой Усмонов шоми имрӯз то анҷоми рӯзи корӣ озод карда мешавад».

Ба қавли Салимзода, дар бораи ин тасмим ҳамчунин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ огоҳ карда шуда буд.

Дар акс: Ӯрунбой Усмонов пас аз озодӣ бо аҳли оила