Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Комбинати кӯҳкориву маъдантозакунии «Адрасмон» ба оилаи коргаре, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ҳалок шуд, ҷубронпулӣ пардохт мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари нозироти меҳнати Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Амин Ҳикматов хабар дод, коргари комбинати мазкур Барот Алиеви 51-сола ҳангоми кор ҷароҳат бардошта, бар асари он ба ҳалокат расидааст. «Ҳарчанд аз ҷониби коргар риоя накардани интизоми меҳнат ва қоидаҳои кор дар истеҳсолот муқаррар шуда бошад ҳам, мо чунин мешуморем, ки бояд ба оилаи коргар ҷубронпулӣ пурра пардохт гардад, ки миқдори он даҳ музди меҳнати миёнаи солонаро ташкил медиҳад», - гуфт вай.

А.Ҳикматов мегӯяд, соли равон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят 134 корхона мавриди санҷиш қарор гирифта, 670 ҳолати риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи ташкили меҳнат ва техникаи бехатарӣ ошкор шудааст. «Барои бартараф сохтани камбудиҳо ба мақомоти раҳбарии корхонаҳо 109 нишондод супурда шуд», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли  Ҳикматов, чунин як ҳодисаи нохуш дар корхонаи саноати сабуки «Ҷавонӣ» (Хуҷанд) низ рух додааст. «Ҳангоми коргаронро ба хона бурдан ронандаи автобус хатсайро иваз намуда, ҳангоми гузаштан аз пули вайрона дар нишебӣ автобус аз ҳаракат бозмонда, сипас ба садамаи хурде дучор мегардад, ки бар асари он се нафар коргарзанони ин корхона ҷароҳат гирифтаанд. «Ба ронандаи автобус огоҳинома дода шуд», - афзуд номбурда.