Душанбе. 29-уми июл. «Азия-Плюс» — | Комиссияи Аврупо ба зиёда аз 200 оилаи осебдида аз сел, ки тобистони соли равон дар вилояти Суғд рух дода буд, дар ҳаҷми 175 ҳазор сомонӣ (25 ҳазор Евро) кӯмак расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, Комиссияи Аврупо барои 213 оилаи осебдида (1 ҳазору 278 нафар) 175 ҳазор сомонӣ маблағи кӯмак ҷудо кардааст. Шаби 11 ба 12-уми ибни соли ҷорӣ дар вилояти Суғд шамоли сахт ва боришоти зиёд боиси омадани сел гардида буд.

Аз ҳама бештар 12 деҳаи ноҳияҳои Ашт, Ғончӣ ва Панҷакент хисорот бардошта, дар онҳо зербинои деҳот – роҳу пул, беморхона, мактабҳо, низоми обтаъминкунӣ, каналҳои обёрӣ ва хатҳои интиқоли барқ хароб шуданд. Ҳамчунин ба заминҳои кишт низ зарар расонида шуд.

Комиссияи Аврупо воситаҳо барои кӯмакро тавассути Фонди Вокуниши Фаврӣ (DREF) ба Федератсияи Байнулмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон фиристод, ки онҳо дар навбати худ ин воситаҳоро ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон доданд.

Воситаҳои пулӣ барои таъмини осебдидагон бо маводи мавриди ниёзи аввалия, аз ҷумла кӯрпаву асбоби рӯзгор ва лавозимоти шустушӯйӣ масраф гардиданд. Оилаҳои бесарпаноҳмонда бо хаймаҳо таъмин карда шуданд.