Душанбе. 8-уми август. «Азия-Плюс» — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнӣ, оғози сохтмони иншооти нави дигар ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафар кард.

 Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кўлоб бо зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оғоз ёфт.

 Дар шаҳри Кўлоб бо иштироки Президенти кишвар нахуст дар маҳаллаи навбунёди Ваҳдат бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 бо 240 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо омода гаштани ин бино шумораи ҷойҳои нишасти мактаб ба 1050 расид.

 Хотиррасон бояд намуд, ки маҳаллаи Ваҳдат бо кўмаки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорӣ дар як муддати кўтоҳ барои қариб 800 оилаи бар асари сели пурдаҳшати моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмонда бунёд гардида буд.

 Худи ҳамин рўз дар ин маҳалла боз ду мактаби дигар ба истифода дода шуд, яке барои 970 хонанда дар ду баст ва дуввумӣ барои 2400 кас дар ду баст пешбинӣ шудааст.

 Яке аз онҳо мактаби дуошёнаи рақами 27 аст, ки дар зарфи 30 соли охир ба хотири валангору садамавӣ буданаш аз истифода боз монда буд. Ин мактаб бо ғамхории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кўтоҳ тармиму навсозӣ шуд. Дар натиҷа мактаб дорои шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, синфҳои компютерӣ ва ҳам ҳунаромўзӣ гардид.

 Ифтитоҳи мактаби сеюм, ки дар биноҳои зебою замонавии ду ва сеошёнаи нав ҷойгир шудааст,  боиси шодию нишоти бепоён ва сипосгузории мардуми маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Кўлоб гардид, зеро ин боргоҳи илму маърифат дорои навтарин шароити таълиму тадрис мебошад.

 Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон идома дорад.