Душанбе. 10-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутобиқи натиҷаҳои назарсанҷии хадамоти иҷтимоии амрикоии Gallup дар 104 кишвари дунё, 94%-и аҳолии Тоҷикистон сиёсати Русияро маъқул шуморида, 2% онро дастгирӣ намекунанд ва 5% аз посух ба ин суол мушкилӣ кашидаанд.

Бино ба маълумоти ҷомеашиносон, миёни 104 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз ҳама бештар ба сиёсати Русия мувофиқ будааст.

«Чунин нишондиҳандаи баланд гувоҳи он аст, ки то кадом андоза аҳолии ин кишварҳо ба интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия вобастаанд», - гуфта мешавад дар гузориш.

Бино ба маълумоти Хазинаи байнулмилалии асъор, ки ба он Gallup такя мекунад, соли 2008 маблағҳои пулии аз Тоҷикистон ба Русия интиқолгардида 50%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил додаанд.

Ба сафи панҷгонаи ба сиёсати Русия мувофиқ будаи кишварҳои ҷаҳон ба ҷуз Тоҷикистон ҳамчунин Қирғизистон (84%), Мали (84%), Ӯзбекистон (81%) ва Арманистон (75%) шомил шудаанд.

Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар аҳолии Гурҷистон (76%) бо сиёсати Русия созгор набудаанд.