Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар қаламрави фурудгоҳи «Биково»-и вилояти Маскав беш аз 400 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» бо истинод ба раёсати нақлиёти ВКД дар ҳавзаи федералии марказӣ, маълум шудааст, ки дар қаламрави фурудгоҳи «Биково» шаҳрвандони хориҷӣ, зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳангоми санҷиши ин маълумот беш аз 400 нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ боздошт шудаанд.

Амалиёти боздошт аз ҷониби Хадамоти федералии амнияти Русия дар ҳамдастӣ бо Раёсати хадамоти федералии муҳоҷират доир карда шудааст. Гуфта мешавад, боздоштшудагон дар қаламрави Русия бидуни иҷозатномаи махсус иқомат дошта, феълан масъалаи хориҷ кардани онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. «Аз шумори умумии боздоштшудагон 150 нафарашон асноди зарурии иҷозати кору иқомат дар қаламрави Русияро надоранд», - зикр мегардад дар иттилои хабаргузорӣ.

Қобили зикр аст, ки 27-уми июли соли равон низ дар ҷангали қисмати ғарбии наздикии Маскав кормандони пулис 72 нафар муҳоҷирони ғайриқонуниро боздошт намуда буданд.