Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар пойтахти Тоҷикистон сохтмони сутуни 45-метра барои гузоштани нишони Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбист.

Ин сутун дар маркази шаҳри Душанбе, дар қисмати чапи Кохи Миллат воқеъ аст. Дар қисмати рости Кох поягоҳи баландтарин дар ҷаҳон бо парчами Тоҷикистон ҷойгир аст, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад.

Маросими кушодани ин иншоот дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назар аст.

Ахири моҳи майи соли равон дар Душанбе маросими санҷишии бардоштани парчам ба поягоҳ доир гардид. Паҳноии парчам дар фазои пойтахти Тоҷикистон 30 метр ва дарозии он 60 метрро ташкил медиҳад.

Қабл аз ин поягоҳи баландтарини парчами миллӣ дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку гузошта шуда буд, ки 162 метр баландӣ дорад.

Сохтмони поягоҳ барои парчам 24-уми ноябри соли 2010 дар Рӯзи парчами миллӣ оғоз гардид. Бунёди сутун барои нишони Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 шурӯъ шуда буд.