Ҳукумати Ҷопон баҳри амалисозии ду лоиҳа дар Тоҷикистон 224 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Қарордодҳои бурсии «Лоиҳаи сохтмони мактаби ибтидоии №51 дар ҷамоати Ворухи шаҳри Панҷакент» ва «Лоиҳаи таҷдиди пул ва барқарорсозии роҳ дар ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷиргатол»-ро сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма ва мутаносибан раисони шаҳри Панҷакенту ноҳияи Ҷиргатол Хисрав Абдуназаров ва Аслонбек Абдураҳмонов ба имзо расониданд.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар доираи кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ ҳукумати Ҷопон барои сохтмони мактаб дар ҷамоати Ворухи ноҳияи Панҷакент 118,8 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо менамояд. Мактаби мазкур дар деҳаи Вени ҷамоати Ворух бунёд мегардад. Мактабе, ки дар ин деҳа мавҷуд аст, соли 1985 аз ҷониби сокинони маҳаллӣ бунёд гардида, айни замон барои таҳсил корношоям гардидааст, зеро бар асари заминларза дар соли 2006 хисороти зиёд бардошта буд. Феълан толибилмони мактаби мазкур дар яке аз масҷидҳои кӯҳна таҳсил менамоянд. Интизор меравад, ки пас аз анҷоми амалисозии лоиҳа шароити таҳсили беш аз 240 нафар хонандагон беҳтар хоҳад шуд.

Барои лоиҳаи дуввум, ки таҷдиди пул ва барқарорсозии роҳ дар ҷамоати Лахши ноҳияи Ҷиргатолро дар бар мегирад, ҳукумати Ҷопон 112 ҳазор доллари ИМА маблағ ихтисос медиҳад. Пули мавҷуда дар ҷамоати Лахш, ки панҷ деҳаи ҷамоатҳои Олға, Кашот ва Лахшро бо маркази ҷамоати Лахши ноҳия мепайвандад, аз замони мавриди истифода қарор гирифтанаш – солҳои 60-уми қарни гузашта  таъмир нашудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа ҳамчунин роҳи мошингарди байни деҳаҳои Оқсой ва Ҷаилгон низ барқарор мегардад.

Дар сафорати Ҷопон мӯътақиданд, ки амалисозии ин лоиҳаҳо ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияи Ҷиргатол ва беҳбуди сатҳи таълиму донишандӯзӣ дар ноҳияи Панҷакент мусоидат хоҳанд кард.

Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 217 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 19,8 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.