Имрӯз мақомоти раҳбарии Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба оилаи рӯзноманигори ҳабсшуда Маҳмадюсуф Исмоилов маблағи пулии аз ҷониби журналистон ҷамъоваришударо месупорад. Ин маблағ баҳри дастгирии оилаи бесаробонмондаи ӯ зимни баргузории як аксияи ҳамраъйӣ ҷамъоварӣ гардид.

Ба қавли ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги АМВАОМТ Абдуфаттоҳ Воҳидов, аксияи мазкур бо ташаббуси ин ниҳод сурат гирифта, ҷамъоварии маблағи пулӣ аз моҳи июн оғоз гардида буд. Иқдоми мазкурро Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Медиа-Алянси Тоҷикистон, чанде аз рохбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, рӯзноманигорон, васоити ахбори умуми чопиву электронии ватаниву байнулмилалӣ дастгирӣ карданд. Дар маҷмӯъ 6 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Хабарнигори ҳафтавори «Нури зиндагӣ», сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд Маҳмадюсуф Исмоилов моҳи ноябри соли 2010 ба иттиҳоми тӯҳмат ва барангехтани низоъи милливу нажодӣ боздошт шуда буд. Айни замон мурофиаи додгоҳӣ оид ба парвандаи М. Исмоилов то замони гирифтани натоиҷи ташхиси лингвистӣ мавқуф гузошта шудааст. Аз охири соли гузашта гумонбаршуда дар тавқифгоҳи муваққатии рақами 2-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад.