Шӯрои васоити ахбори умуми Тоҷикистон чунин мешуморад, ки маводҳои дар сомонаи интернетии Pressa.tj ва нашрияи «Народная газета» инишоргардида оид ба далели боздошти хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ба Меъёрҳои ахлоқии фаъолити журналистӣ мухолифат доранд.

Дар иттилоияи интишоргардидаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон гуфта мешавад, пас аз баррасии муроҷиати роҳбари намояндагии ВВС дар Тоҷикистон Исфандиёри Одина нисбат ба мақолаҳои интишоргардида дар сомонаи Pressa.tj («Я общался с амиром «Хизбуттахрир» в Таджикистане») ва нашрияи «Народная газета» ((«Урунбой Усмонов задержан», ….) шӯро ба чунин хулоса расидааст.

Ба ақидаи аъзои Шӯрои ВАО, нашрияи «Народная газета» дар мақолаҳои худ нисбат ба Ӯ. Усмонов ибораҳои «псевдожурналист» ва «экстремист»-ро истифода бурда, талаботи моддаи 7-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро риоя накардааст, ҳол он ки «экстремист» будан ё набудани Усмоновро танҳо суд муайян менамояд.

«Ҳамчунин дар моддаи 8-уми  Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон оид ба эҳтимолияти бегуноҳӣ сухан меравад. Дар  ин  банд омадааст: «Ҳангоми гузориш дар  мавриди инъикоси қазияи ҷиноӣ ва  амсоли он ВАО ва журналист аз пешдоварӣ, худдоварӣ худдорӣ мекунанд. То собит гардидани гуноҳи шахс дар  суд ВАО ва журналист  наметавонанд барои гунаҳкории ӯ қазоват кунанд». Ҳангоми чопи мақолаҳо  ин талаботи моддаи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти  журналистӣ дар Тоҷикистон вайрон карда шудааст, чунки баъди хондани мақолаҳо хонанда гумон мекунад, ки  дар  ҳақиқат Усмонов гунаҳкор аст», - зикр мегардад дар иттилоияи ВАО.

Шӯро ҳамчунин ба хулоса расид, ки аз ҷониби сомонаи Pressa.tj ва нашрияи «Народная газета» талаботи Меъёрҳои ахлоқии журналистӣ дар қисмати ҳамраъйии касбӣ низ риоя нашудаанд. Дар қисмати ниҳоии қарор Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба ҳамаи воситаҳои ахбори ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки ҳангоми таҳияи мавод бодиққат бошанд ва нагузоранд, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон вайрон гарданд.

Ёдрас мекунем, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов оғоз гардид. Журналист ба огаҳ насохтани мақомот аз фаъолияти созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» айбдор карда мешавад.