Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди назди меҳмонхонаи «Пойтахт» ва мағозаи «Олами китоб»-и шаҳри Душанбе барқарор гардид.
Роҳи мошингарди кӯчаи Айнӣ дар мавзеи сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ ба самти фурудгоҳ аз ҳар ду ҷониб боз карда шуд. Ба гуфтаи сардори раёсати сохтмони асосии мақомоти шаҳрдории пойтахт Саидшариф Анваров, сохтмони гузаргоҳҳо то ахири соли равон пурра ба анҷом хоҳад расид.
Ёдрас мекунем, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Айнӣ, наздикии меҳмонхонаи «Пойтахт» ва назди «Олами китоб» беш аз 11 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,4 млн. $) маблағ ҷудо кард. Ба сохтмони гузаргоҳҳои зеризаминӣ дар пойтахт як ширкат аз Тоҷикистону як ширкати дигар аз Чин машғуланд. Корҳои зебу ороиши гузаргоҳҳо бо тарзу усули риояи анъанаҳои миллиро устодони тоҷик ба иҷро мерасонанд.
Тоҷикистону БАОР дурнамои ҳамкориҳои соли равонро баррасӣ карданд
Фурудгоҳи Хуҷанд аз ҳукумат барои баргардонии қарзҳояш муҳлат хост
Хориҷиён бе тести коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд: ҳукумат иҷоза дод
Бахилӣ намекунад: Достони ризокори 33-сола дар Хуҷанд, ки ба дигарон бепул забони хориҷӣ меомӯзонад
Роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ боз шуданду лекин на барои ҳама
Моҳи март тоҷикистониён 13 рӯз истироҳат мекунанд
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?
Барфи ногаҳонӣ ва шояд охирини имсол дар Душанбе
Ҳукумат ӯро “душмани халқ” карду мардум пирӯзи интихобот
"Азия-Плюс" рӯзноманигорони шаҳрвандиро барои ҳамкорӣ даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
фаридун29 сентябр, 2011 16:58
Бисёр шодам ки симои пойтахтамон руз аз руз дигаргун шуда истодааст вале як чиз ташвишовар аст ки масъулон ба машрутҳои мусофиркаши тамоман этибор зоҳор надоранд мардуми бечора рузи дароз машрут мепояд боз якто пайдо мешаваду нархашро чихелеки хоҳад мегуяд ин магар поймол намудани ҳуқуқи одамон нест.илтимоси мо аз роҳбарият ҳамин аст ки ҳамин масъаларо то қадри имкон бинед.Ё газелҳои пештараро ё ягон мошинҳои калонтар сар додан даркор чунки ба ин старексҳо савор шудан ва фаромадан хело қин аст.