Соли равон хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд пас аз санҷиши иловагӣ дар шаҳри Душанбе соҳиби 7 медали тило ва 1 медали нуқра шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи муассисаҳои мактабӣ ва томактабии Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, дар маҷмӯъ ба гирифтани медалҳо 23 нафар толибилмон довталаб буданд, вале пас аз санҷиши иловагӣ дар пойтахт, гирифтани медалҳо танҳо ба 8 нафари онҳо муяссар шудааст.

Хатмкардагони гимназияи ба номи Ҳётеи шаҳри Хуҷанд Абдулазиз Раҳимов, литсейи рақами 1-и ноҳияи Исфара Довудҷон Исломзода, мактаб-интернати шаҳри Панҷакент Суннат Эшов, гимназияи рақами 8-и ноҳияи Ашт Носирҷон Аҳмедов, мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-и ноҳияи Айнӣ Меҳрдод Ёров ва хатмкардагони литсейи физикаву математикаи №1-и шаҳри Хуҷанд Ҳасан Ҷумъаев ва Абдуалӣ Шокиров бо медалҳои тило сарфароз гардонида шуданд.

Хатмкардаи литсейи физикаву математикаи №1-и шаҳри Хуҷанд бародари дугоники Ҳасан Ҷумъаев – Ҳусейн Ҷумъаев соҳиби медали нуқра гардид.

Ҳамаи толибилмони дар боло зикршуда ба сафи донишҷӯёни макотиби олии гуногун, аз ҷумла Русия низ пазируфта шуданд. Соли 2010 хатмкардагони макотиби таҳсилоти умумии вилояти Суғд нӯҳ медали тило ва чор медали нуқра ба даст оварда буданд. Соли равон толибилмони макотиби шаҳри Душанбе бо 17 медал сарфароз гардонида шуданд, ки 7-тои он медали тило аст.