Дар мурофиаи додгоҳии навбатӣ оид ба парвандаи хабарнигори Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов, ки рӯзи 25-уми август дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, муфаттиши Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд далели латукӯби хабарнигорро рад кард.

Аммо адвокати айбдоршаванда Файзинисо Воҳидова ва худи рӯзноманигор изҳор карданд, ки дар рӯзи боздошти хабарнигор нисбат ба ӯ тарзҳои ғайриқонунии бурдани тафтишот истифода шудаанд.

Дар ҷаласаи додгоҳии мазкур асосан нишондоди муфаттиши КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд Саидмуҳиддин Саймуддинов, ки парвандаи мазкурро тафтиш карда буд, шунида шуд. Ӯ ба додгоҳ ба сифати шоҳид бо мақсади дақиқ муайян кардани санаи боздошти журналист ва тасдиқи нисбат ба ӯ истифода шудани тарзҳои ғайриқонунии роҳандозии тафтишот даъват карда шуд.

Ӯрунбой Усмонов ва аҳли оилаи ӯ мегӯянд, рӯзноманигори Би-Би-Сӣ дар таърихи 13-уми июни соли 2011 ба ҳабс гирифта шуд. Дар навбати худ, зимни осух ба суолҳои адвокатҳои хабарнигор Ф. Воҳидова ва Абдуқайюм Юсуфӣ муфаттиш посух дод, ки Ӯрунбой Усмонов ба ҳуҷраи кории ӯ рӯзи 14-уми июн оварда шуда, дар протокол низ ҳамин сана – 14-уми июн сабт шудааст.

Ба суоли адвокат Ф. Воҳидова перомуни аз ҷониби муфаттиш дар ҷойҳои намоёни бадани Усмонов мушоҳида нагардидани пайҳои латукӯбу шиканҷа, муфаттиш изҳор кард, ки ӯ ҳеҷ чизе ба ин монандро мушоҳида накардааст.

Ба гуфтаи адвокат ва худи хабарнигор, нисбат ба ӯ маҳз дар рӯзи боздошт – санаи 13-уми июн тарзҳои ғайриқонунии муносибат истифода шудаанд.

Муфаттиши КДАМ ҳамчунин изҳор кард, ки Усмонов ба таври хаттӣ ба ӯ изҳор кард, ки нисбат ба кормандони КДАМ дар вақти боздошт ҳеҷ арзу шикояте надорад.

Адвокати дуюми хабарнигор Абдуқайюми Юсуфӣ дар робита ба ин ҳолат иброз дошт, ки аз ҷониби муфаттиши КДАМ С. Саймуддинов талаботи моддахои 22 ва 52-и Кодекси мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ, ки ӯро ба таъмини гумонбаршуда бо адвокат ӯҳдадор месозанд, риоя нашудаанд.

Шоҳиди дигар – сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Эраҷ Давлатов, ки ба сифати шоҳиди боздошти рӯзномнигор даъват гардида буд,  ба додгоҳ ҳозир нашуд. Ба гуфтаи хабарнигор, ӯро се нафар кормандони КДАМ бо роҳбарии Э. Давлатов боздошт карда буданд.

Мурофиаи додгоҳии Ӯрунбой Усмонов идома дорад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд, зеро нахуст айбдоршавандагон муқобили Усмонов баёнот дода, сипас ҳангоми сӯҳбати рӯбарӯ ва баъдтар дар ҷаласаи додгоҳӣ (16-уми август) аз он даст кашиданд. Онҳо ба гуноҳи худ иқрор шуда, ба додгоҳ изҳор карданд, ки узви созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошанд.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, САҲА, АМВАОМТ, рӯзноманигорони дафтари маскавии Би-Би-Сӣ, намояндагони Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, хабарнигорони газетаҳои «Азия-Плюс» ва «Озодагон» ширкат доранд.

Би-би-сӣ айбҳои ба Усмонов нисбатдодаро бепоя хонда, бар ин назар аст, ки ин иддаъоҳо ба журналистикаи касбӣ ва озодии баён дар ҷумҳурӣ таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоваранд.

Мақомоти раҳбарии Би-Би-Сӣ ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, ки вохӯрӣ ва мусоҳибаҳои анҷомдодаи Усмонов бо намояндагони созмонҳои гуногун бахше аз фаъолияти ҳар яке аз рӯзноманигори Би-би-Сӣ аст.

Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ ба ҳабс гирифта шуда, расо як моҳ дар зиндон қарор дошт.

Рӯзноманигор 59-сола буда, тайи 10 соли ахир дар бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ фаъолият дорад. Ӯ мавзӯъҳои гуногуни иҷтимоиву фарҳангӣ ва масоили диниро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба он гузоришҳо омода мекард.