Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар Тоҷикистон панҷумин солгарди таъсисёбӣ ва маросими хатми тобистонаи худро дар театри шаҳри Хоруғ баргузор кард.

Тавре аз мактаби мазкур хабар доданд, дар маросим Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва намояндагони Консулгарии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Ин мактаб ба ҳайси аввалин бахши идории Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар рушди донишгоҳ мавқеи назаррасро ишғол менамояд. Мактаб дар тӯли панҷ соли охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, дар минтақа ҳамчун як ниҳоди бузург, ки ба гузаронидани курсҳои баъдимактабӣ, таҳсилоти кӯтоҳмуддат бо додани тахассуси касбӣ ва техникӣ барои ҷавонон ва калонсолон  машғул аст, ба шумор меравад. 

«ММКД дар Тоҷикистон  аз оғози фаъолияташ то ба ҳол, яъне дар тӯли панҷ соли охир бисёр рушд кард. Барномарезӣ ва омодасозии он пеш аз кушодани ММКД анҷом ёфт. Барои таъмини муассирии барномаҳо, мо пайваста онҳоро мавриди арзёбӣ қарор медиҳем ва иловаҳои зарурӣ ворид месозем. Донишгоҳ аз ҷашн гирифтани дастовардҳои хатмкунандагони кунунӣ дар ҳузури хатмкунандагони аввалин, ки имрӯз бо мо ҳастанд ва мо  фикру мулоҳизаи онҳоро ба назар мегирем, ифтихори бузурге дорад», - қайд намуд доктор Богдан Кравченко, Директори Генералии ДОМ.

Дусад нафар донишҷӯён, аз ҷумла 28 нафар устодон ва донишҷӯён аз Афғонистон дар Маросими хатм ба гирифтани шаҳодатномаҳои расмӣ мушарраф гардиданд. Шаҳодатномаҳо дар бахши Технологияи муҳосибӣ, Коргардони саёҳати кӯҳӣ ва Маълумоти касбӣ-техникӣ тақдим гардиданд. Барои муаллимони забони англисӣ ва риёзии Барномаи кор бо ҷомеаи ММКД гувоҳномаҳои такмили ихтисос тақдим карда шуданд.

Донишҷӯён инчунин соҳиби шаҳодатномаҳои хатми курсҳои омӯзишии хазинадорӣ, Забони русии гуфтугӯӣ ва Забони олмонии гуфтугӯӣ, Забони англисӣ барои коргузории расмии дараҷаи 2 ва 3A ва Барномаи таълими роҳбаладон гардиданд. Донишҷӯёне, ки имтиҳони барномаи Палатаи Савдо ва Саноати Лондонро (ПССЛ) супориданд, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалии ПССЛ гардиданд. 

Бори дуввум аст, ки гурӯҳи  иборат аз 28 нафар донишҷӯёни афғон ММКД-ро хатм мекунанд. Ин донишҷӯён дар шаҳри Хоруғ аз тариқи “Барномаи маълумоти касбӣ-техникии бурунмарзӣ дар Бадахшон”, ки бо ибтикори ДОМ ва Ожонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташкил шудааст, таҳсил намуданд.

«Ман ба касби мудирияти сохтмон таваҷҷӯҳи зиёд дорам ва аз ин лиҳоз ба барномаи касбӣ-техникии ММКД муроҷиат намудам. Бо сабаби оне, ки мо дар ноҳияи Ишкошими Афғонистон мутахассиси сохтмон надорем, барои ба даст овардани маҳоратҳои касбӣ ин барнома барои мо бисёр муфид буд. Маҳоратҳои ҳосилкардаро метавонем дар кори ҳаррӯзаи худ ҳамчун мудири сохтмон ба кор бибарем», - қайд намуд Насибурраҳмони 23- сола.

Дар соли 2007 ДОМ сараввал роҳҳои  баррасӣ ва фароҳам сохтани имконоти  омӯзиш барои сокинони наздисарҳадии Афғонистонро  дида баромад. Аз соли 2009 Барномаи маълумоти касбӣ- техникии бурунмарзӣ дар Бадахшон ба ММКД имкон дод, ки барномаҳои омӯзиширо барои донишҷӯёни афғони ноҳияҳои сарҳадӣ вусъат диҳад. Ба унвони бахше аз Барномаи маълумоти касбӣ-техникии бурунмарзӣ дар Бадахшон, 90 нафар донишҷӯ аз вилояти Бадахшони Афғонистон барои таҳсил дар курсҳои омӯзишии Забони англисӣ, Технологияи иттилоотӣ, Хазинадорӣ ва Маълумоти касбӣ-техникӣ дар ММКД, дар шаҳри Хоруғ идрор гирифтанд. Омӯзиш ба забони дарӣ гузаронида шуда, ҳамаи барномаыои дарсӣ ва маводҳои омӯзишӣ низ ба забони дарӣ омода гардиданд. Барномаи Маълумоти касбӣ- техникии бурунмарзӣ дар Бадахшон инчунин барои таъсис додани Идораи Барномаи ММКД дар шаҳри Файзободи Афғонистон кӯмак расонд.