Аз 60 нафар сокинони шаҳру ноҳияи Кӯлоб, ки дар кишварҳои гуногуни Шарқ ва Африқо таълимоти динӣ гирифтаанд, 41 нафарашон ба ватан баргаштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси шӯъбаи корҳо оид ба дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Холмирзо Қаландаров хабар дод, ба 13 нафари онҳо барои идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар иҷозат дода шудааст, зеро онҳо расман ба он ҷо фиристода шуда буданд.

Бино ба маълумоти Қаландаров, ҷавонони аз макотиби динии хориҷӣ ба ватан баргашта хоҳиши дар Тоҷикистон соҳиб шудан ба маълумоти динӣ надоштаанд.

«Чанде аз онҳо муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр намуда, боқимонда дар шаҳрҳои Кӯлобу Душанбе ба тиҷорати хурд машғуланд, - мегӯяд Қаландаров. – Ҳамчунин ба мо маълум аст, ки 4 нафар сокинони ноҳияи Кӯлоб бозгашт ба ватанро рад кардаанд. Як нафари хоҳишманди бозгашт барои харидани билети ҳавопаймо маблағ надошта, дар бораи сокини дигари Кӯлоб Илҳом Назарови 33-сола, ки аз Русия ба Эрон гӯё барои таҳсил ба яке аз макотиби динӣ рафта будааст, муддти 4 сол аст, ки ҳеҷ хабаре нест».

Дар ҳамин ҳол, рӯҳонии маъруфи минтақаи Кӯлоб Мулло Ҳайдар (Ҳайдар Шарифов) қонуни қабулшудаи ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва бозгашти ҷавонон аз макотиби олии динии хориҷиро, ки бо воситаҳои гуногун ба он ҷо сафарбар шудаанд, мантиқан дуруст мешуморад.

Ба андешаи ӯ, дар масҷиду донишкадаҳои исломии кишварҳои гуногуни дунё равия ва расму анъанаҳои мухталифи исломӣ омӯзонида мешаванд. «Ҳарчанд ҳама гуна таълимот дар онҳо таҳти парчами Ислом сурат гирад ҳам, дар он ҷойҳо ҳатто тарзи иҷрои бархе аз маросиму оин тафовут дорад. Агар минбаъд низ чунин идома ёбад, мо худамон барои барангехтани низоъи динӣ дар кишвар замина муҳайё месозем», - афзуд Мулло Ҳайдар.