Пагоҳ соати 9:40 дақиқа бо вақти маҳаллӣ 185 нафар нахустин зойирини тоҷик тариқи ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» озими Ҷидда мешаванд.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов хабар дод, ба зойирин шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшон ҳангоми маросими аз қайд гузаштан ва назорати гумрукӣ дар Маркази исломии Тоҷикистон супурда мешаванд. Онҳо бояд шаш соат қабл ба Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шаванд.

Ба қавли ӯ, ин ба он марбут аст, ки зойирин пеш аз сафар ҳуҷҷатҳояшонро гумм накунанд, зеро чунин ҳолатҳо хеле бисёр рух додаанд.

Ҳавопаймои охирин бо зойирин аз Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр раҳсипор мегардад.

Соли равон Вазорати корҳо оид ба ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ чун соли гузашта 5,5 ҳазор нафар зоирин аз Тоҷикистонро қабул мекунад, ки ба ин шумор шахсони ҳамроҳикунандаи зоирин ба миқдори якчанд сад нафар низ шомил мебошанд.

Маблағи адои маросими ҳаҷҷи имсола нисбат ба соли гузашта 257 доллари ИМА бештар буда, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд.