Ахири ҳафтаи гузашта кормандони гумрук дар яке аз канораҳои шаҳри Душанбе 21,5 тонна меваи тропикии кивии вайроншударо нобуд карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ин миқдор меваи тропикӣ аз ҷониби як соҳибкори эронӣ ба Тоҷикистон ворид гардида, мавриди ташхис қарор гирифтааст.

Ташхис дар лабораторияи «Тоҷикстандарт» муайян кардааст, ки он ба талаботҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест.

«Ҳамчунин маълум гардид, ки ронандаи автомашина ба қоидаҳои нигоҳдории маҳсулот дар бордони автомашинаи боркаш риоя накарда, бинобар он меваи троикӣ то ба ин ҳолат расидааст», - гуфтанд дар хадамот гумрук.

Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ» ва моддаи 243-и Кодекси гумруки Тоҷикитон ин миқдор меваи мусодирашуда барои истеъмол корношоям шуморида шуда, дар яке аз канораҳои шаҳри Душанбе дар ҳузури мақомоти дахлдор нобуд карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳамасола ба Тоҷикистон миқдори зиёди меваҳои тропикӣ ворид мегарданд. Меваҳои тропикӣ аз қабили, киви, банан, апелсин, мандарин ва ананас асосан аз Аморати Муттаҳидаи Араб, Эрон ва Эквадор оварда мешаванд.