Субҳи имрӯз 185 нафар шаҳрвандони тоҷик, ки зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» озими шаҳрҳои муқаддаси дини Ислом шуданд.

Онҳо шаш соат қабл аз парвоз ба Маркази исломии Тоҷикистон ҳозир шуда, назорати гумрукӣ ва сарҳадиро дар он ҷо гузаштанд. Сипас зоийирин сарулибоси ягона бо рамзи Тоҷикистонро ба бар карданд. Қобили зикр аст, ки соли равон бори нахуст зойирини тоҷикистонӣ бо сарулибоси ягона таъмин гардиданд.

Ҳамчунин акнун ҳар як зойирини тоҷик соҳиби бейҷик (маълумотнома) бо номи дорандаи он, рақами телефонҳои меҳмонхона ва роҳбари гурӯҳ аст.

Дар маросими гусели гурӯҳи аввали зойирини тоҷик раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов изҳор кард, ки ин маълумотҳо зимни гум шудани нафаре зарур аст. Ғайр аз ин, соли равон ҳаҷкунандагон бо борҷома (сумкаҳо)-и ягона бо рамзи кишвар низ таъмин шудаанд.

Соли равон Вазорати корҳо оид ба ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ чун соли гузашта 5,5 ҳазор нафар зоирин аз Тоҷикистонро қабул мекунад, ки ба ин шумор шахсони ҳамроҳикунандаи зоирин ба миқдори якчанд сад нафар низ шомил мебошанд.

Маблағи адои маросими ҳаҷҷи имсола нисбат ба соли гузашта 257 доллари ИМА бештар буда, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд.

Ҳавопаймои охирин бо зойирин аз Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр раҳсипор мегардад.

Дар ҳамин ҳол, бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» хабар медиҳад, ки раиси Кумитаи умури дини вилояти Хатлон Бобохон Шарбатов ба гумони даст доштан ба ришваситонӣ аз зойирин боздошт шудааст.

Раиси Кумитаи умури дини кишвар Абдураҳим Холиқов далели боздошти Шарбатовро рад насохт, вале алҳол аз шарҳи он худдорӣ варзид.

«Феълан ман чизе дар ин хусус гуфта наметавонам, зеро чанде қабл аз сафари корӣ баргашта, ба корҳои тадорукотии фиристодани зойирин машғул будам. Ман ҳам ҳоло ба хубӣ хабар надорам, ки чӣ ҳодисае шудааст», - зикр кард А. Холиқов.