Нимаи дуввуми имрӯз гурӯҳи нахустини зойирини суғдӣ иборат аз 187 нафар тавассути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» озими шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саъудӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси шӯъбаи умури дини ҳукумати вилояти Суғд Маҳкам Миркамолов хабар дод, зойирин, хешовандони онҳо ва гуселкунандагон субҳи имрӯз дар масҷиди ҷомеъи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ҷамъ омаданд, то ки тамоми маросими барасмиятдарории ҳуҷҷатҳову гусел дар ҳамин ҷо анҷом пазиранд.

Номбурда ҳамчунин гуфт, солҳои қаблӣ шаҳрвандони дар ҳаёти ҷомеаи саҳмгузошта аз ҳисоби ҳукумати вилояти Суғд ба таври ройгон ба маросими ҳаҷ фиристода мешуданд, вале имсол бинобар камбуди маблағ чунин нафарон ҳузур надоранд. Ҳамаи зойирин аз ҳисоби маблағҳои худ ба адои маросими ҳаҷ мераванд.

Пагоҳ аз фурудгоҳи Хуҷанд гурӯҳи дуюми зойирин аз ноҳияҳои Зафаробод, Чкаловск, Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов ба Ҷидда раҳсиор мешавад.

Соли равон барои вилояти Суғд 1 ҳазору 422 квота барои адо намудани маросими ҳаҷ ҷудо гардид.

Маблағи адои маросими ҳаҷҷи имсола нисбат ба соли гузашта 257 доллари ИМА бештар буда, дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Зоирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» ба макони ҳаҷ расонида мешаванд.

Ҳавопаймои охирин бо зойирин аз Тоҷикистон рӯзи 29-уми октябр ба Арабистони Саъудӣ раҳсипор мегардад.